Омодагӣ ба зимистон: Tcell дар мавсими сармо чӣ гуна алоқаи устуворро таъмин мекунад?
Бо наздик шудани фаслҳои тирамоҳу зимистон ширкати Tcell барои таъмини боэътимоди алоқа дар минтақаҳое, ки нерӯи барқи ноустувор доранд, фаъолона омодагӣ мегирад. Дар сурати ногаҳон қатъ шудани неруи муҳаррик (генератор)-ҳои статсионарии дизелӣ дар фаъолияти ҳамешагии шабака нақши меҳвариро иҷро менамоянд.
Ҳар сол ширкат маҷмӯи васеи тадбирҳо барои коҳиш додани хатару мушкилоти эҳтимолӣ ва таъмини алоқаи устувор ба муштариён дар душвортарин шароитро таҳия менамояд. Бахши муҳими ин нақша дар сари вақт интиқол додани сӯзишвории муҳаррикҳои дизелӣ мебошад, ки замони қатъи кувваи барқ, кори муназзами пойгоҳҳои базавиро таъмин мекунанд.
Вазъи омодагӣ ба мавсими зимистон чӣ гуна ҷараён дорад?
1. Мутахассисони ширкат қаблан мушкилоти қатъи эҳтимолии барқро меомӯзанд ва ҳисоб мекунанд, ки барои фаъолияти мутаасили ҳар як пойгоҳ чӣ қадар сӯзишворӣ зарур аст. Ин далел имкон медиҳад, ки захираи сӯзишвории стратегӣ омода карда шавад.
2. Захираи сузишворӣ дар мавзеъҳои аз ҷихати стратегӣ муҳим фароҳам оварда мешавад, то ки фаъолияти пойгоҳҳои базавӣ дар ҳама гуна шароити боду ҳаво дар кӯтоҳтарин фурсат таъмин карда шавад. Ин махсусан барои минтақаҳои дурдаст, ки интиқоли сӯзишворӣ метавонад тӯл кашад, зарур мебошад.
3. Ширкат реҷаи таъминоти сӯзишвориро бодиққат таҳия намуда, ба баррасӣ мегирад ва барои фиристодани он ба ҳар минтақа чораҷӯӣ мекунад. Логистикаи Tcell шабонарӯзӣ фаъолияташро ба роҳ монда, интиқоли пайвастаро дар ҳама ҳолати боду ҳаво таъмин мекунад.
4. Ҳолати таҷҳизоту дастгоҳҳо ва талабот ба сӯзишвории он дар реҷаи воқеӣ назорат карда мешавад. Мутахассисони ширкат омодаанд, ки ба ҳама мушкилот зуд расидагӣ кунанд ва кори муназзами пойгоҳҳоро таъмин созанд.
Ширкати Tcell дар соли 2023 бо истифода аз иқтидори генераторҳои дизелии худ беш аз 5 миллион кВт/соат нерӯи барқ тавлид кард. Ҳамин тариқ, беш аз 20% тамоми нерӯи барқе, ки пойгоҳҳои базавӣ истеъмол мекунанд, аз ҳисоби захираҳои худи ширкат истеҳсол мешуд, ки ин имкон дод, ки муштариён бо алоқаи доимӣ таъмин бошанд.
Барои таъмини фаъолияти мӯътадили шабака, Tcell инчунин тақвияти манбаҳои садамавии таъминоти барқро дар пойгоҳҳои базавӣ идома медиҳад. Дар соли 2023 беш аз 300 батареяи нави литий-ион насб карда шуд ва то охири сол насби боз 1000 адад батареяи дигар ба нақша гирифта шудааст. Ин тадбирҳо барои таъмини алоқаи боэътимоди муштариён дар ҳама гуна вазъият нигаронида шудаанд.