Оғози татбиқи лоиҳаи «Харитаи электронии шаҳри Душанбе»
Бо дастур ва қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ, Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба татбиқи лоиҳаи «Харитаи электронии шаҳри Душанбе» оғоз намуд.
Дар робита ба ин, имрӯз дар идораи КВД «Шаҳри ҳушманд» созишнома оид ба татбиқи лоиҳаи «Харитаи электронии шаҳри Душанбе» бо директори Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳуманд» Саъдӣ Самадзод ва директори ҶДММ «Гуруҳи ширкатҳои Эра» Александр Дроздов ба имзо расид.