Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ВМКБ ва боздид аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи «Қалъаи Хумб — Ванҷ, сарҳади ноҳияи Рӯшон» дар ноҳияи Дарвоз
Сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Бадахшон аз ноҳияи Дарвоз оғоз ёфт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз нахуст бо ҷараёни корҳои таҷдиду навсозии қитъаи роҳи “Қалъаи Хумб-Ванҷ, сарҳади ноҳияи Рӯшон” дар доираи Лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Қулма шинос шуданд.
Ин қитъаи роҳ 109 километрро дар бар гирифта, ҳудуди ноҳияи Дарвоз ва Ванҷро убур мекунад. Он аз байни қаторкӯҳҳои Дарвоз гузашта, дар миқёси ҷумҳурӣ роҳи душворгузар маҳсуб мешавад ва солҳои тӯлонӣ таъмири асосиро надидааст.
Баъди пурра таҷдиду навсозӣ намудан ин қитъа 16 километр кӯтоҳ гардида, дар умум 92,3 километрро ташкил хоҳад дод.
Ёдовар мешавем, ки корҳои сохтмонӣ ва татбиқи лоиҳа дар ин масир 27 сентябри соли 2021 дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ зимни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз оғоз гардида буданд.
Фармоишгари лоиҳа Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамоҳангсози он Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди “Душанбе-Чаноқ” ва паймонкори асосӣ Корпоратсияи чинӣ оид ба сохтмони роҳ ва пулҳо “Чайна роуд энд бридҷ корпорейшн” мебошад.
Раванди корҳои сохтмонӣ дар ин масир зери назорати пайваста қарор дорад ва муҳлати татбиқи лоиҳа 50 моҳро ташкил медиҳад.
Мутахассисону муҳандисон дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз техникаву механизмҳои муосири роҳсозӣ корҳои сохтмониро дар қитъаҳои гуногун мувофиқи нақша суръат бахшида, барои расидан ба ҳадафҳо аз имконоти мавҷуда пурсамар истифода мебаранд.
Дар ин қитъа дар асоси лоиҳа сохтмони 15 пули мошингузар, ду нақб бо дарозии 5 ҳазору 200 метр, 5 долони зиддитармавӣ бо дарозии 438 метр, 22 ҳазор метр канорадеворҳои оҳану бетонӣ ва сангӣ, гузоштани 200 қубури обгузар ва чароғонкунии 14 деҳаи ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ бо дарозии 17,7 километр ба нақша гирифта шудааст.
Зимни муаррифии корҳои иҷрошуда дар доираи лоиҳа иттилоъ дода шуд, ки то имрӯз 14,5 километр корҳои заминӣ ба анҷом расонида шуда, дар километри 45-уми роҳ корҳо мувофиқи нақша дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор доранд.
Роҳсозон сохтмони такядеворҳои оҳану бетонӣ ва сангиро низ дар ҳафт қитъа идома медиҳанд. Корҳои тахту ҳамворкунӣ, васеъкунии роҳ, гузоштани қубурҳои обгузар, сохтмони ҷӯйборҳои бетонӣ дар ду канори роҳ, бунёди долону пулҳои мошингузар ва дигар иншооти зарурӣ аз рӯи лоиҳа ба роҳ монда шудаанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расидан ба ҳадафҳои рушд, беҳтар намудан ва ба талаботи замон ҷавобгӯ сохтани инфрасохтори соҳаи роҳу нақлиёт тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
Дар ҳамин замина баъди раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ татбиқи ҳадафи дигар — табдил додани Тоҷикистон ба мамлакати транзитӣ оғоз гардид.
Бо ин мақсад имрӯзҳо дар соҳаи нақлиёт татбиқи 17 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии зиёда аз 11 миллиард сомонӣ идома дошта, сохтмони қитъаи байналмилалии “Қалъаи Хумб-Ванҷ, сарҳади ноҳияи Рӯшон” як қисми ин лоиҳаҳои муҳим мебошад.
Меъёр ва қоидаҳои сохтмонӣ дар ин қитъа ба дараҷаи 3-юми техникӣ дохил мегардад. Роҳи бунёдшаванда аз ду хати ҳаракат иборат аст, ки паҳноии стандартии он 12 метрро ташкил медиҳад. Қисмати паҳноии роҳи мошингард ҳафт метр мумфарш мегардад.
Дар қитъаи роҳи автомобилгарди “Қалъаихумб — Ванҷ, сарҳади Рӯшон” 648 нафар мутахассис бо ҷойи кор таъмин буда, бо истифода аз 206 техникаву механизми муосири роҳсозӣ ва дастгоҳи пармакунии нав корҳои тахту ҳамворкунӣ ва нақбканиро идома медиҳанд.
Корҳои хокканӣ дар ин қитъа дар асоси нақша то имрӯз дар ҳаҷми беш аз 4 миллиону 242 ҳазор метри мукааб, хокрезӣ 119 ҳазор метри мукааб, бартараф кардани мумфарши қаблӣ 5 ҳазору 600 метри мукааб, корҳои хокканӣ дар нақби рақами 1-и деҳаи Кеврон 55 ҳазор метри мукааб ва дар нақби рақами 2-и деҳаи Тогмай 4 ҳазору 214 метри мукааб иҷро гардидаанд.
Ҳамчунин мутахассисону роҳсозон дар нақби рақами 1 дар ҳаҷми 2 ҳазору 500 метри мукааб корҳои бетонӣ, беш аз 510 метри мукааб корҳои арматурбандӣ ва бетонрезии сутунпояҳои пули рақами 5, 3 ҳазору 900 метри мукааб корҳои оҳану бетонии такядеворҳо, 2 ҳазору 518 метри мукааб торкрет бетон дар нақби рақами 1 ва 2 ҳазору 390 метри мураббаъ тоза намудани қабати ҳосилхезро ба анҷом расондаанд.
Дар роҳи мазкур корҳои кӯчонидани хатҳои коммуникатсионии муҳандисӣ идома дошта, 6,7 километр хатҳои алоқа ва 2,6 километр хати барқ иҷро шуда, омода намудани масолеҳи оҳану бетонӣ ва захира кардани қуму шағал аз рӯи нақша идома дода мешавад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо мутахассисону муҳандисон барои боз ҳам суръат бахшидан ба раванди роҳсозӣ, мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ ва дар муҳлати муайянгардида мавриди баҳрабардорӣ қарор додани ин қитъа ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Ҳадаф аз таҷдиду навсозии роҳи “Қалъаихумб — Ванҷ, сарҳади ноҳияи Рӯшон” таъмини бехатарӣ ва ҳаракати муътадили воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ кардани ҳолат ва андозаҳои геометрии роҳ, инчунин сарфа намудани вақт ва сӯзишворӣ барои кашондани молҳои мавриди ниёзи мардум дар ҳама фасли сол, таъмини ҷойҳои корӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ мебошад.
Бо таҷдиду навсозии масири мазкур рафтуомади доимии сокинон таъмин гардида, интиқоли молу маҳсулот афзоиш хоҳад ёфт.