Навгониҳо ва пешрафт! Бардоштҳо аз Форуми 5G
Бо ибтикори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оператори мобилии ZET-MOBILE дар шаҳри Душанбе бахшида ба оғози фаъолияти хатҳои нави алоқаи мобилии насли оянда 5G форуми серӯза баргузор гашт.
Дар чорабинӣ коршиносон ва пешоҳангони соҳаи телекоммуникатсия ҷамъ омада, равандҳои асосӣ ва дурнамои соҳаи алоқаи мобилиро муҳокима намуданд.
Дар кори форум кормандони ширкатҳои телекоммуникатсионӣ, намояндагони сохторҳои давлатӣ ва васоити ахбори омма иштирок доштанд. Технология ва имкониятҳои шабакаи 5G , стратегияи фаъолияти шабакаҳои 5G, таҷрибаи иқтисодии кушодан ва рушди шабакаҳои 5G ва масъалаи танзими майдонҳои электромагнитӣ аз самтҳои асосии форуми мазкур ба ҳисоб рафта, намунаҳои хуби истифодаи шабакаи 5G ба иштирокчиён пешкаш карда шуданд.
Коршиносон андешаҳои худро дар боби он ки чи тавр 5G корбарӣ ва муносибати рӯзмарраи моро бо технология тағйир дода метавонад, баён намуда, роҷеъ ба имкониятҳои бузурге, ки ин шабака барои рушди тиҷорату соҳибкорӣ ва дар маҷмуъ пешравии ҷомеа фароҳам меорад, сухан ронданд.
Чаро 5G шабакаи алоқаи насли оянда аст?
Баргузории ин форум боз як қадами нав дар ҷодаи пешрафт ва рушди шабакаҳои алоқаи мобилӣ мебошад. Он имкониятҳо ва бартариҳои наверо ваъда медиҳад, ки аз наслҳои қаблӣ бартариҳои зиёде доранд: суръати баланди интиқоли маълумот, иқтидори бузурги шабака ва имконияти васеъ барои захираи мавод, усулҳои тозаи истифодаи технологияҳои навин…
Форум майдони мубодилаи таҷриба ва идеяву ғояҳои нав гашта, байни баромадкунандагон ва иштирокчиён табодули назар ва мубоҳисаҳои самарабахш сурат гирифтанд. Дар доираи он мизи мудаввар, гузоришҳо ва презентатсияҳои пурмазмун гузаронида шуданд, ки ба густариши соҳа ва робитаҳои касбӣ мусоидат менамоянд.
Яке аз нуқтаҳои калидии форум мизи мудаввар оид ба масъалаи танзими таъсири майдонҳои электромагнитӣ буд. Вадим Поскакухин, Директори техникии UBIQUITOUS Wireless LLP зимни суханронии хеш қайд кард, ки оқибатҳои манфии эҳтимолӣ аз таъсири майдонҳои электромагнитӣ дар тӯли солҳо таҳқиқ шудаанд ва аксари тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки байни истифодаи телефонҳои мобилӣ ва хатар ба саломатӣ робитае вуҷуд надорад. Ҳарчанд тадқиқотҳо дар ин мавзӯъ то ба имрӯз идома доранд, вале далелҳои санҷидашудаи илмие вуҷуд надоранд, ки зарари истифодаи телефонҳои мобилиро ба саломатӣ исбот карда тавонанд.
Ташкилотҳои байналмилалӣ, аз қабили Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ВОЗ) ва Комиссияи Байналмилалӣ оид ба муҳофизат аз радиатсияи ионизатсиянашаванда (ICRI) меъёрҳо ва тавсияҳоро барои пешгирии таъсири манфии майдонҳои электромагнитӣ ба саломатӣ таҳия кардаанд.
Форуми мазкур аҳамияти татбиқ ва рушди минбаъди технологияҳои 5G-ро дар ҳаёт нишон дода, иштирокчиёнро муътақид гардонд, ки истифодаи шабакаи 5G дар олами технология инқилоб барпо намуда, дари имкониятҳои навро ба рӯйи мо боз мекунад ва самарабахшии инфросохторҳои алоқаи мобилиро афзунгар мегардонад.
Айни замон технологияи 5G қадамҳои нахустини худро мегузорад ва дар ҳоли рушд қарор дорад,вале аллакай усулҳои револютсионии алоқаро дар бахши хизматрасониҳои мобилӣ пешниҳод менамояд. Имкониятҳои 5G хеле бузург буда, потенсиали он барои алоқаи оянда ва соҳаҳои гуногуни ҳаёт, аз саноат то тандурустӣ ва барномаҳои мобилӣ бениҳоят муҳим аст.