Насби батареяҳои нав дар ПБ “ТоҷикТар”
ҶСП “Вавилон-Мобайл” дар пойгоҳи базавии “ТоҷикТар” –и шаҳри Душанбе батареяҳои ноқисро пурра бо батареяҳои нави муосир иваз кард. Бояд қайд кард, ки бо таъмини ПБ “ТоҷикТар” бо батареяҳои муосир ширкат марҳилаи ивазнамоии батереяҳоро дар тамоми пойгоҳҳои базавии шаҳри Душанбе ба анҷом расонид.
Насби батареяҳои нави замонавӣ имкон медиҳад, ки дар оянда ҳамаи Пойгоҳҳои базавии ширкати мо ҳатто дар сурати қатъи нерӯи барқ ба таври мӯътадил кор кунанд ва муштариён бе ягон мушкилӣ аз алоқа ва Интернет истифода баранд.
Қобили зикр аст, ки иқдоми мазкур бо мақсади иҷрои дастури Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба таъмини пойгоҳҳои базавии пойтахт бо нерӯҳои захиравӣ соли равон оғоз ёфта буд. Ширкат дар айни замон дар ҳамкорӣ бо Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми манотиқи кишвар пойгоҳҳои базавии худро бо нерӯи захиравии барқ, аз ҷумла батареяҳои нав ба таври мутассил таъмин намуда истодааст.
Насби батареяҳои муосир ба муштариён имкон медиҳад, ки ҳатто дар сурати ба амал омадани ҳолатҳои форс-мажор ба таври мунтазам бо алоқа ва интернет таъмин бошанд.