Нақши Интернет дар рушди ҷомеаи иттилоотӣ
Асри ХХ асри саноат маҳсуб меёфт ва тамоми кӯшишҳои давлатҳо баҳри ривоҷи ин соҳа равона мегардид. Дар он замон тамоми дигаргуниву пешравиҳоро ба саноат вобаста медонистанд. Вале дар нимаи дуюми асри ХХ сохти дигари ҷомеаи навин зуҳур кард. Солҳои 60-уми асри ХХ гурӯҳе аз тарафдорони назарияи индустриякунонӣ зимни пажӯҳишҳои хеш ба хулосае омаданд, ки итилоот воситаи ҳаракатдиҳандаи ҷомеа мебошад. Аввалин бор ин мафҳум дар Япония соли 1961 аз тарафи Кисё Курокава ва Тадао Умесао ба илм ворид шудааст. Баъдан дар такя ба назарияи «ҷомеаи иттилоотӣ» дар Япония ва ИМА тадбиқи амалии онро шуруъ намуданд. Машҳуртарин назариячиёни «ҷомеаи иттилоотӣ»-ро М. Порат, Й. Масуда, Т. Стоунер, Р. Картс эътироф кардаанд.
Ҳамин тавр, ҷомеаи иттилоотӣ амалан ба ҳаёти башарӣ ворид шуд ва он тадриҷан таъсиргузориаш ба тамоми соҳаҳо густариш афзоиш ёфт. Вижагии аслии ҷомеаи иттилоотӣ дар дастёбии озод ба манбаъҳои иттилоот ва озодии пахш кардани он мебошад.
Дар асри ХХI бо рушди бемайлони техникаву технология ва ба вуҷуд омадани интернет, иттилоот аз воситаҳои пурқудрат ва идоракунандаи ҷомеа гардид. Ҳамин аст, ки ҷаҳонӣ асри ХХI-ро “асри иттилоот” меноманд. Ин ба он маъност, ки интернет асоси ҷомеаи иттилоотиро ташкил карда, муҳимтарин омил дар рушди соҳаҳои ҳаётан барои инсоният дар асри навин аст. Ҳарчанд ҳамакнун бо густариши корбарии ҳамаҷониба интернет ва пурзур гардидани иттилоот хатарҳои зиёде барои ҷомеаҳо пеш омадааст, вале ҳамеша омилҳои мусбати Интернет ба сифати шабакаи иртиботӣ оммавӣ нақши созанда доштаву дорад.
Ин нахуст аз он маншаъ мегирад, ки асри ХХI асри мӯъҷизоти электронӣ гардид ва дар натиҷа ба бахши иттилоотонӣ ва иртиботот таъсири махсус гузошт. Таҷриба нишон дод, ки дар ояндаи наздик шаҳомати ин пешравию тараққиёт метавонад бамаротиба аз ин зиёдтар рушд кунад. Дар ҷаҳони имрӯза Интернет ба сифати як василаи гуногунсамт ба неруи қавие табдил ёфтааст.
Ҳамин аст, ки интернет дар қолаби ҷомеаи иттилоотӣ ба мукаммалгардонии сохтори давлатӣ, беҳсозии баҳрабардорӣ дар мавриди бакоргирии захоири моддиву инсонии ҷомеа, афзоиши бакороии истеҳсолот барои инкишофи хадамоти печидаи омӯзишу парвариш, барои сарфаҷӯии захоири табийӣ ва ҳифзи муҳити зист кӯмак ва мусоидат мекунад. Ба ибораи дигар ҷомеаи иттилоотӣ тадриҷан ба ҷомеаи «хирадманд» табдил меёбад.
Бо баҳрабардории дуруст аз имконоти фаррохи Интернет ва дарки оқилона аз хосиятҳои ҷомеаи иттилоот метавон ба чанд ҳадафи умда ноил шуд, аз ҷумла:
- боло бурдани нақши иттилоот, маълумот ва технологияи иттилоотӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ:
- эҷоди шуғлҳ барои ҷомеа, коркарди захира ва хизматрасонии иттилоот;
- Иттилоотонии ҷомеа бо ахбори саҳеҳу солим ва ба вуҷуд овардани афкори созанда;
- босамаргардонии иттилоот дар ҳамкории одамон ва дастрасӣ ба иттилоотии ҷаҳонӣ;
- рушди иқтисоди иттилоотӣ, давлат ва ҳукумати электронӣ, бозорҳои рақамӣ, шабакаҳои электронии иҷтимоӣ ва гурӯҳӣ;
Ҷомеаи иттилоотӣ ҷомеаи постиндустриалӣ ё баъдисаноатӣ низ гуфта мешавад ва амалӣ гардидани он ба кишварҳое даст медиҳад, ки рушди иқтисодии хуб доранд. Хушбахтона, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз равандҳо дар канор набуда, рушди иқтисодии қобили мулоҳиза дорад. Ҳамчунин ҳукумати мамлакат ба татбиқи технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ тавваҷуҳи хоса зоҳир карда, таъминоти Интернети босифатро яке аз авлавиятҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ қарор додааст. Барои самаранок татбиқ намудани ҳукумати электронӣ, иқтисодӣ рақамӣ ва истифода аз имконоти Интернет дар тамоми соҳаҳо корҳои амалии зиёде анҷом шудааст.
Ҳамаи ин нишон медиҳад, ки дар кишвари мо низ ҷомеаи иттилоотӣ дар ҳоли рушд аст. Дар баробар ин шаҳрвандонро лозим аст, ки бо дарки воло аз инкониятҳои Интернет онро ҳадафмандона ва самаранок истифода намоянд, то дар раванди рушди ҷомеаи иттилоотӣ саҳим бошанд.
Маъруф Назарзода, журналист