Муштариёни вилояти Суғд асрори хизматрасонии мизоҷонро дарёфтанд
70 сокини вилояти Суғд ба меҳмонии кормандони ширкати «МегаФон Тоҷикистон» рафтанд. Муштариён дар бораи роҳандозии хизматрасонии мизоҷон, рафти бунёди шабака маълумот гирифта, бо хизматрасониҳои муфиди рақамӣ шинос шуданд.
Танҳо дар вилояти Суғд ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ба наздики 270 ҳазор муштарӣ хизмат мерасонад. Чӣ тавр ҷавоб додан ба саволҳои сершумори ҳаррӯза ва қонеъ гардонидани ашхоси гуногун аз натиҷаҳо муяссар мегардад? Дар ин бора роҳбарон ва кормандони хадамоти мизоҷон, ки аз Душанбе барои вохӯрӣ бо муштариёни Хуҷанду Панҷакент омадаанд, маълумот доданд.
Оператор барои кор бо мизоҷон танҳо аз толорҳои алоқа истифода намебарад. Барои ҳалли мушкилоти мобилӣ, метавонед тариқи телефон тамос гиред , ба онлайн-мушовир дар сомона ё замимаи «МегаФон Life» нависед. Инчунин, чат-боти Доно фаъол аст, ки ба саволҳои маъмулӣ, масалан, дар бораи шартҳои тарофаҳо ҷавоб медиҳад. Сокинони вилояти Суғд фаҳмиданд, ки вақти миёнаи хизматрасонӣ ба мизоҷон ҳамагӣ 2 дақиқаю 45 сонияро ташкил медиҳад. Дар баробари ин, мушовир метавонад дар ин муддат бо муштарӣ шинос шавад, моҳияти дархости ӯро дарк карда, ҷавоби мукаммал диҳад ё кӯмаки заруриро расонад.
Бо сирру асрори оператор шинос шудан хеле ҷолиб мебошад. «Ин мулоқот хеле гуворо ва муфид буд. Ман солҳои зиёд дар МегаФон ҳастам, вале фақат ҳозир дар бораи “таркиби” хадамоти мизоҷон ва тарзи хизматрасонӣ ба мо тасаввурот пайдо кардам. Чунин ҳис мекунам, ки ман муддати кӯтоҳ корманди ширкат шудам ва кори онро бо чашмони худ дидам!» — мегӯяд сокини Панҷакент, Умар Акрамов.
Намояндагони ширкат дар бораи хизматрасониҳои муфид низ сухан ронданд. Имсол оператор тарофаи махсуси минтақавии «Биё Суғд! Фаъол бош»-ро бо шартҳои мусоид роҳандозӣ намуд. Ба меҳмонони толорҳои алоқа, масалан, ба хидмати “Cash Out” дастрас аст, ки ба онҳо барои гирифтани пули нақд аз корти бонкӣ имкон медиҳад. Ба истифодабарандагони замимаи «МегаФон Life» пардохти ҳаққи хизматрасониҳои давлатӣ, хариди чиптаҳои ҳавопаймо ва бахши нави “Таблиғот”, бо имконияти харидани чиптаҳои онлайн ба филмҳо, театрҳо ва осорхонаҳо, дастрас мебошанд.
Моҳи сентябр ширкати “МегаФон Тоҷикистон” зодрӯзи худро таҷлил мекунад ва раёсати минтақавии ширкат дар вилояти Суғд имсол 20- солагии оғози фаъолияти худро ҷашн мегирад. Аз ин рӯ, нақл оид ба хадамоти мизоҷон ва хизматрасониҳо бо супоридани туҳфаҳо ба меҳмонон идома ёфт. Оператор ба онҳо туҳфаҳои махсус ва шаҳодатномаҳо барои рақамҳои “тиллоӣ” омода кардааст.
Вохӯрӣ бо муштариён барои муошират бо онҳое, ки аллакай понздаҳ сол ва бештар аз он алоқаи МегаФон Тоҷикистонро истифода мебаранд, имконият фароҳам овард. Дар миёни онҳо Манижа Раҷабова низ ҳаст. «Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти «МегаФон Тоҷикистон» хизматрасониҳои ин ширкатро интихоб кардам ва то ҳол боварӣ дорам, ки ин алоқаи беҳтарин аст. Ман зуд-зуд аз Хуҷанд ба Душанбе сафар мекунам. Ҳатто дар нақбҳои Анзоб ва Шаҳристон метавонам занг занам ва аз интернет истифода намояд” – мегӯяд Манижа Раҷабова.
«Гуфтугӯи мустақим бо мизоҷон шояд беҳтарин роҳ барои дарки эҳтиёҷоти онҳо бошад. Мо метавонем андешаҳои онҳоро дар бораи Ширкат, дар бораи сабабу омилҳои таърифу танқиди мо шунавем. Зимнан, мо ният дорем, ки чунин вохӯриҳоро идома дода, дар тамоми манотиқи кишвар баргузор намоем. Ин худ як имконияти хубест барои изҳори сипос ба онҳое, ки моро интихоб мекунанд!» – қайд кард роҳбари самти хадамоти мизоҷони ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Фарангис НУРХАНОВА дар ҷамъбасти вохӯриҳо дар вилояти Суғд.