Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин
18 май сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин идома ёфт.
Меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбари кишвари мизбон, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Баррасии масоили ҳамкории ду давлат дар мулоқоти хосаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин оғоз гардида, дар музокироти сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Чин идома ёфт.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари давлатӣ ва иштирок дар нишасти якуми сарони давлатҳо дар ҳамоиши сатҳи баланди “Осиёи Марказӣ-Чин” изҳори сипос намуданд.
Таъкид гардид, ки равобити ду давлат босуръат рушд намуда, намунаи равшани ҳамсоягии нек ва дӯстии самимӣ ба хотири сулҳу субот дар минтақа мебошад.
Сарвари давлат аз дастгирии Ҳукумати Чин ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохтор, аз қабили тарҳҳои стратегӣ дар бахшҳои нақлиёт, энергетика ва саноат изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои ояндадори «иқтисоди сабз» ва рақамӣ, инфрасохтор, электроэнергетика, сохтмону азнавсозии неругоҳҳои барқии Тоҷикистон ва бунёди хатҳои интиқоли барқро муҳокима намуданд.
Ҷалби технологияи муосир ва истифодаи таҷрибаи Чин дар рушди саноати миллӣ, кишоварзӣ, инфрасохтор, таъсиси ширкатҳои муштарак дар ин самт, иштироки корхонаҳои чинӣ дар ташкили паркҳои саноатӣ ва кишоварзӣ дар Тоҷикистон зарур шумурда шуд.
Вобаста ба ин ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар масъалаи таҷдиди ширкати алюминии тоҷик «Талко» чораҳои муштараки заруриро амалӣ созанд. Инчунин, бо мақсади татбиқи лоиҳаи роҳандозии истеҳсол ва таркиби электромобилҳо дар Тоҷикистон иқдомҳои лозимаро амалӣ намоянд.
Таъкид шуд, ки ҷорӣ намудани технологияи муосири чинӣ доир ба парвариш ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус пахта, сабзавот ва мева метавонад ба манфиати ҳарду ҷониб кор намояд.
Тазаккур дода шуд, ки ҷониби Тоҷикистон аз пешниҳоди таъсиси долони иқтисодии Чин — Тоҷикистон — Афғонистони Шимолӣ ҷонибдорӣ намуда, дар ин росто муҳим мешуморад, ки лоиҳаи сохтмони қитъаи роҳи Варшез дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон то гузаргоҳи Қулма-Қаросу ва таҷдиди гузаргоҳи Қулма-Қаросу таҳия ва татбиқ карда шавад. Ин иқдом аз ҷониби роҳбари Чин мусбат арзёбӣ гардид.
Зимни мулоқот масъалаҳои барқарор кардани хатсайри ҳавоии Душанбе-Пекин, робитаҳо дар самти пешрафти инфросохтори сайёҳии Тоҷикистон, истифодаи иқтидорҳо ҷиҳати рушди ҳамкории гуманитарӣ, аз ҷумла илму маориф ва афзоиши шумораи бурсияҳои таҳсилотии Чин барои Тоҷикистон муҳокима гардид.
Ҷонибҳо дар чаҳорчӯби ҳамкорӣ дар ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, пурзӯр кардани талошҳоро ҷиҳати мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, ҷиноятҳои киберӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ зарур шумурданд.
Бинобар вазъияти ноором дар баъзе минтақаҳои ҷаҳон ва зарурати таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини амният ва субот, ҷонибҳо густариши ҳарчи зичтари сохторҳои марбутаи тарафайнро дар ҳалли ин масъалаҳо таъкид намуданд.
Дар рафти мулоқот аснои баррасии масоили глобалӣ ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба ҳалли мушкилоти обу иқлим таъкид гардид.
Дар анҷоми музокироти сатҳи баланди байнидавлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон мусоид ба Тоҷикистон ташриф оваранд.
Даъват бо хушнудӣ қабул гардид ва таърихи сафар бо роҳҳои дипломатӣ мувофиқа хоҳад шуд.