Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони ҳамкории рақамӣ (DCO)
26 августи соли 2024 дар Риёз мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо Дабири кулли Созмони ҳамкории рақамӣ (DCO) Дима Ал-Яҳя баргузор гардидааст.
Дар мулоқот масъалаҳои роҳандозии ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва созмони мазкур дар бахшҳои ҳукумати электронӣ, иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак баррасӣ шуданд.