Муаррифии имконоти Тоҷикистон дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва логистика дар Тсюрих
Дар шаҳри Тсюрих Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода дар Форуми минтақаи васеи Каспий 2023 иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд.
Форум таҳти унвони «Каспий ва Осиёи Марказӣ — долонҳо барои энергетика, логистика ва ҷараёни савдо байни Осиё ва Аврупо» баргузор шуда, дар қисмати ифтитоҳии он Шараф Шерализода оид ба имконоти Тоҷикистон дар соҳаи энергетика, долонҳои иқтисодӣ ва транзитӣ, инфрасохтори нақлиётӣ ва логистикии муҳайёгардидаи Ҳукумати мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ маълумот дод.
Дар форум намояндагиҳои дипломатӣ, ширкатҳои хусусии давлати иқомат ва давлатҳои Иттиҳоди Аврупо низ иштирок намуданд.