МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ВА ХАВФНОКИИ ИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

Муқовимат ба коррупсия Навид

МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ВА ХАВФНОКИИ ИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

Тавре, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сухарониҳояшон зимни вохӯрӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қайд намудаанд, ҳанӯз дар аҳди бостон калимаи «коррупсия» ба истилоҳи фасод, вайронкунанда, зараррасонанда ва фурӯхтани мансаб маънидод карда шуда, ҳамчун рафтори истифода намудани имкониятҳои мансаб ба манфиати шахсӣ фаҳмида мешуд ва афроди ба чунин амал даст зада, дар ҳамаи давру замонҳо аз ҷониби аҳли ҷомеа маҳкум мегардиданд.

Дар робита ба ин, дар моддаи 1-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди  коррупсия»  муқаррар гардидааст, ки коррупсия ин кирдори (ҳаракат ё беҳаракатие) шахсони  ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайриммодӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар содир менамояд, инчунин ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартарият ва имтиёзҳои дигар бо мақсади моилкунӣ ё қадр кардани онҳо барои содир намудани чунин кирдорҳо ба манфиати шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ, мебошад.

Коррупсия дар ҷаҳони муосир аз ҷумлаи монеаҳои ҷиддӣ дар роҳи рушди  иқтисодию иҷтимоии кишварҳо  ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои  инсон маҳсуб меёбад. Коррупсия аз ҷумлаи вирусҳое ба ҳисоб меравад, ки дар натиҷаи роҳ додан ба ин амали номатлуб ба тамоми шохаҳои фаъолияти мақомати ҳокимияти давлатӣ паҳн гашта, боиси поймолшавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, заиф гардидани фаъолияти мақомоти давлатӣ ва инчунин ба сохти конститутсионӣ таъсир расонида, эҳтироми мардумро ба давлат ва мақомотҳои он коста гардонида, обрӯву эътимоди онро коҳиш медиҳад.

Бо назардошти хавфнокии баланди ҷамъиятии кирдорҳои коррупсионӣ муқовимат бо коррупсия ҷузъи муҳими сиёсати  ҳуқуқии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, амалӣ намудани  ин сиёсат райъи қавии  сиёсӣ, ташаккули  заминаҳои  боэътимоди  ҳуқуқию ниҳодӣ, банақшагирии  стратегӣ ва ҷалб намудани  аҳли ҷомеаро  тақозо менамояд.

Муқовимат ба коррупсия–фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият, дар доираи ваколатҳо ва вазифаҳои  худ,  инчунин шахсони воқеӣ дар самти пешгирии коррупсия, аз ҷумла оид ба ошкор ва бартарафсозии омилҳои ба вуҷудоварандаи коррупсия (пешгирии коррупсия), дар самти ошкор кардан, кушодан, рафъ намудан ва тафтиши ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ (мубориза бо коррупсия), оид ба кам ва бартараф намудани оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, дар самти мусоидат дар пешгирӣ, ошкор кардан, кушодан, рафъ намудан ва тафтиши ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мебошад.

Бо шарофати ташаббусҳои созандаи Асосгузори  сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳамаи ин заминаҳо дар кишвари мо фароҳам оварда  шуда, иштироки  фаъоли тамоми шохаҳои  ҳокимият ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар  мубориза бо ин зуҳуроти  номатлуб таъмин карда шудааст. Аз ҷумла дар ин самт қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии  ба талаботи замон  ҷавобгуй қабул шуда, ниҳоди махсусгардонидашудаи  давлатӣ-Агентии  назорати давлатии  молиявӣ ва  мубориза бо коррупсия ва ниҳоди умумимиллӣ-Шӯрои миллии  муқовимат бо коррупсия  таъсис дода шудаанд.

Ҳамзамон дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва ба ҷавобгарӣ ҷалб намудани шахсоне, ки ба чунин кирдори номатлуб даст мезананд муқарраротҳои дахлдор пешбинӣ гардидааст.

Аз ҷумла, дар моддаҳои 279, 314, 315, 316, 318, 319, 320 ва дигар моддаҳои Кодекси ҷиноятӣ барои ришвадиҳии тиҷоратӣ, суиистифода аз ваколатҳои мансабӣ, беамалӣ дар иҷрои вазифа, баромадан аз ҳадди вакоалтҳои мансабӣ, иштироки ғайриқонунӣ дар фаъолияти соҳибкорӣ, гирифтан ва додани пора ҷавобгарии ҷиноятӣ муайян карда шудааст.

Дар баробаи ин, барои боз ҳам муқовимат бахшидан бар зидди коррупсия ҳамасола аз тарафи Ҳукумати мамлакат маоши вазифавии хизматчиёни давлатӣ, ки яке аз омилҳои пешгирикунандаи содиршаваии ҳуқуқвайронкуниҳои корруписонӣ ба ҳисоб меравад, баланд бардошта мешавад.

Тадбирҳои амаликунандаи роҳбари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ, ки барои аз байн бурдани зуҳуроти номатлуби ҷамъиятӣ вобаста ба ҳуқуқвайронкуниҳои корупсиони ҳамаи моро водор месозад, ки дар ин кори басо муҳими давлатӣ бетараф набошем ва дар ин самт бо фаъолияти масъулиятноки хизматӣ саҳми худро гузорем.

 

Ф. ФАЙЗОВ,

котиби маҷлиси судии

 суди иқтисодии шаҳри Душанбе