“МегаФон Тоҷикистон” шабакаро дар тамоми кишвар муосир менамояд
Муҳандисони ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ба муосиркунонии шабака дар тамоми ҳудуди кишвар шурӯъ карданд. Роҳандозии PS core-и нав имкон медиҳад, ки қобилияти гузариши таҷҳизот ба андозаи зиёда аз 30% зиёд карда шавад. Ин, бешубҳа, ба сифату дастрасии интернети мобилӣ таъсири мусбат мерасонад.
Оператори имкониятҳои нави рақамӣ корҳои навгардонии бомиқёси худро дар панҷ соли охир шурӯъ намуд. Модернизатсияи мунтазами инфрасохтори техникӣ – бо назардошти пайваста афзоиш ёфтани интернет-трафики муштариёни ширкат зарурати воҷиб маҳсуб меёбад. Ба шарофати таҷҳизоти нав зарфияти шабака ба андозаи сеяк васеъ хоҳад шуд. Ин маънои онро дорад, ки акнун теъдоди ҳарчи бештарин муштариён имкон пайдо мекунанд, ки вориди интернет шуда, онро бо суръатҳои баланд истифода баранд.
Боз як сабаби муҳимми навкунии шабака – зарурати модернизатсияи минбаъдаи PS core мебошад. Истеҳсолкунандагон вақт-вақт дастгирии таҷҳизоти бисёр сол пеш баровардашударо қатъ мекунанд. Бо ҳамин сабаб истифодаи блокҳои намунаи зарурӣ барои вусъати қобилияти гузариши шабака ё платаҳои эҳтиётӣ ғайриимкон мегардад. Таҷҳизоти модификатсияи нав нисбатан калонҳаҷм ва боэътимод мебошад, минбаъд модернизатсияи онро метавон бе мушкилӣ ба амал баровард.
Ба PS core-и нав ҳамаи муштариёни оператор дар Тоҷикистон мегузаранд. Ин кор тадриҷан ба амал меояд, то ки боиси нороҳатии истифодабарандагони интернет нашавад. Барои гузаронидани корҳо соати сарбории камтарин интихоб мегардад – корҳои зикршуда дар вақти шабона, вақте теъдоди муштариёни шабака аз ҳама кам аст, анҷом дода мешавад. Танҳо дар ҳамин вақт хизматрасонии таҳвили маълумот метавонад муваққатан дастнорас шавад, лекин ин ҳамчуноне, ки интиқоли об ҳангоми ивази қубурҳо қатъ карда мешавад, зарурати технологист.
“Роҳандозии PS core на танҳо ба афзоиши теъдод ва фаъолнокии муштариёни рақамӣ вобастагӣ дорад. Он имкон медиҳад, ки дар самти рушди хизматрасониҳои пешрафтаи рақамӣ қадами бузург гузошта шавад. Ивази ҷузъи асосии шабака ба дастрасии интернет дар тамоми соҳаҳо ва тамоми ҳудуди кишвар таъсири мусбат хоҳад расонид”, – мегӯяд директори техникии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Рафил АГЛЯМОВ.