МегаФон Тоҷикистон идораи навро дар маркази шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуд
Дар маркази пойтахт идораи раёсати минтақавии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе ва НТМ кушода шудааст. Суроғаи нав – хиёбони Рӯдакӣ 57.
Дар идораи барҳаво барои ҳамаи мизоҷони МегаФон тамоми шароитҳои бароҳат фароҳам оварда шуданд. Муштариён – шахсони воқеӣ дар ин ҷо барои ҳалли ҳама гуна мушкилоти мобилӣ – аз интихоби тарофа ва пуркунии ҳисоб то харид ва танзимкунии дастгоҳҳои мобилӣ кӯмак пайдо мекунанд. Дар наздикӣ хадамот оид ба кор бо мизоҷони корпоративӣ мавқеъ ёфтааст. Ин ҷо намояндагони ширкатҳои Тоҷикистон метавонанд аз хизматрасонии фардӣ баҳравар гардида, пешниҳодҳои махсусро оид ба пайвасткунии хизматрасониҳои рақамӣ, ки барои тиҷорат заруранд, пайдо намоянд.
Дар ошёнаи якуми идораи нави барҳаво, инчунин, мавқеи коворкинг, яъне фазои кушод барои истироҳату фаъолияти сокинони Душанбе, ҷойгир шудааст. Дар он ҳар як меҳмон метавонад бо ноутбуки худ омада, болои роҳаткурсӣ нишинад ва масъалаҳои кориашро ҳал намояд. Ё дар байни кораш танаффус карда, биншинад ва аз як пиёла қаҳваи лазиз ҳаловат барад.
Кормандони зерсохторҳои раёсати минтақавӣ дар ошёнаи дуюми бино ҷойгир шудаанд. Фосилаи наздик ҳамкории онҳоро бо фронт-лайн осонтар карда, барои арзёбии холисонаи хизматрасонии мизоҷон ва беҳтаршавии минбаъдаи фаъолият имкон медиҳад.
«Кушодани бинои нави замонавӣ бо ду сабаб зарур буд. Аввалан, акнун мо ҳама дар суроғае қарор гирифтем, ки ёфтанаш хеле осон аст. Ин меҳвари шаҳри Душанбе – яке аз ноҳияҳои зеботарини пойтахт аст. Дуввум, кор бо мизоҷон дар ин ҷо дар шароитҳои қулайтарин сурат мегирад. Биёед ва худатон бубинед!” – мегӯяд директори раёсати минтақавии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар Душанбе ва НТМ Далер НАИМОВ.
Идораи нави хизматрасонӣ дар хиёбони Рӯдакӣ 57 рӯзҳои корӣ аз соати 8:00 то 20:00 ва идораи раёсати минтақавӣ аз соати 9:00 то 18:00 кор мекунад. Шанбе ва якшанбе – рӯзҳои истироҳат.