МегаФон Тоҷикистон фестивали анъанавии байкерҳоро дастгирӣ намуд
Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ба ҳайси шарики генералии фестивали байналмилалии “Sogdiana 2023”, ки дар соҳили обанбори Қайроққум гузаронида шуд, баромад намуд. Ташкилотчии фестивал мотоклуби «Ирбис Тоҷикистон» мебошад. Дар чорабинии мазкур зиёда аз 300 байкерон аз ҳар гӯшаву канори Осиёи Марказӣ иштирок намуданд.
Вохӯриҳо дар соҳили Баҳри тоҷик – анъанаи байкерони Осиёи Марказист. Инчунин ҳамкории мотоклубҳо бо ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ба як анъанаи дигари нек табдил ёфтааст. Оператор аллакай маротибаҳои зиёд мотосиклрониҳои байналмилалӣ ва фестивалҳои байкерони тоҷикро бо алоқаи боэътимод таъмин карда буд. Дар соли 20-солагии раёсати минтақавии ширкат “МегаФон Тоҷикистан” ба ҳайси шарики генералии “Согдиана” баромад намуд.
Фестивал ба вохӯрии дӯстоне табдил ёфт, ки бисёрашон якчанд-солӣ якдигарро надида буданд. Байкерҳо доир ба таассуроту нақшаҳои худ ба якдигар нақлҳо карда, пагоҳирӯзӣ бо хатсайри роҳи Хуҷанд ва маконҳои тамошобоби Суғди бостонӣ ба сафар баромаданд. Ҳангоми бозгашт ба соҳили обанбори Қароққум иштирокчиёни фест ба барномаи фароғатии аз ҷониби ташкилкунандагон омодагардида ҳамроҳ шуданд. Лекин аз ҳама муҳим иштирокчиён масоили марбут ба клуб ва роҳҳои инкишофи мотоварзишро дар Тоҷикистон ва давлатҳои ҳамсоя байни худ муҳокима карданд. Фестивал бо барномаи бегоҳирӯзӣ, ки мусиқии миллӣ ва замонавиро дар худ муттаҳид карда буд, анҷом ёфт. Меҳмонон карнаю сурнай, баромадҳои The Daze ва Фирдавс Холназаровро тамошо карда, таҳти мусиқии DJ Jova рақсу бозӣ карданд.
“Cол то сол теъдоди ҳарчи бештари ҷавонон ба мотосиклронӣ машғул мешаванд, он дар байни ҷавонон хеле маъруф шуда истодааст. Мақсади асосии фестивалҳои мо аз он иборат аст, ки мотосиклронҳои кишварҳои гуногун бо меҳмоннавозии мардуми тоҷик, зебоии табиати мо шинос карда шаванд ва, албатта, ба рушди сайёҳӣ мусоидат карда шавад. Ташаккур ба ширкати “МегаФон Тоҷикистон” барои дастгирии тӯлонии фестивали “Согдиана” ва сайёҳони далери мо. Бо шарофати шарики генералӣ ба мо муяссар шуд, ки фазои фаромӯшнашаванда муҳайё карда, ба иштирокчиён таассуроти хотирмон бахшем”, – мегӯяд намояндаи мотоклуби “Ирбис” Давлат ХУШВАХТОВ.
“Шумо борҳо алоқаи моро ҳангоми саёҳатҳои ҷаҳонӣ санҷида будед. Ана акнун ҳам наздикони Шумо, ки дар хона мондаанд, ҳамроҳи Шумо – дар фосилаи як занг буданд. МегаФон Тоҷикистон ба мисли Шумо ҳамеша дар роҳ аст. Расо 20 сол пеш мо ба Суғд омада будем. 20 сол мешавад, ки дар роҳ ҳастем. Биёед ба якдигар вохӯриҳои нек ва танҳо хурсандию муваффақиятҳоро таманно намоем!” – ба иштирокчиёни фестивал роҳнамоӣ карда, изҳор дошт директори раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Суғд Раҳматҷон РАҲМАТОВ.