Мегабайтҳо – ҳамчун туҳфа барои дақиқаҳои зангҳо дар VoLTE
Барои иштирок дар иқдоми «VoLTE 2023» муштарии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» бояд тариқи суроғаи https://volte2023.megafon.tj/ ба қайд гирифта шуда, рақами абонентии худро нишон диҳад. Сипас — рамзи тасдиқи тавассути SMS-паёмаки аз оператор дастрасшуда ворид гардида, розигӣ бо шартҳои иқдом, бо пахши тугмаи «Иштирок кардан мехоҳам» баён мешавад. Пас аз ин дар танзимоти гаҷети худ VoLTE-ро фаъол намуда, тариқи технологияи нав занг зада метавонед.
Барои пайваст кардани хизматрасонӣ дар дастгоҳҳои Apple ба қисмҳои «Настройки» — «Сотовая связь» — «Параметры данных» — «Голос и данные / LTE» — «VoLTE» гузашта, воситаро фаъол созед.
Дар смартфонҳои Xiaomi (Redmi) самти амал чунин аст: «Настройки» — «SIM‑карты и мобильные сети» — «Настройки SIM‑карт» ё «Ваша SIM‑карта» — «VoLTE». Агар воситаи пайвасткунӣ/қатънамоӣ мавҷуд набошад, барои фаъол кардани технология рақамчинии USSD-дархости *#*#86583#*#* лозим меояд.
Дар дастгоҳҳои Samsung роҳи фаъолкунӣ чунин аст: «Настройки»- «Подключения» — «Мобильные сети». Дар ин банд воситаро дар ҳошияи «Вызовы по VoLTE» фаъол намоед.
Дар шабакаи 4G занг занед ва барои ҳар дақиқаи суҳбат бо садои тоза як мегабайт интернет ба даст оред!