Масъалаҳои рақамикунонии хизматрасонии давлатӣ мавриди баррасӣ шуд

Навид

Масъалаҳои рақамикунонии хизматрасонии давлатӣ мавриди баррасӣ шуд

Имрӯз дар Душанбе  Конференсияи байналмилалӣ дар мавзуи «Рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳамгироии байниидоравӣ ва мутобиқати функсионалии низомҳои иттилоотӣ» баргузор гардид. Дар конференсияи мазкур Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, Директори дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон, намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, намояндаи Вазорати адлияи Узбекистон, инчунин роҳбарон ва мутахассисони вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. 

Дар ҷаласаи якум масъалаҳои ҳамгироии байниидоравӣ ва мувофиқати низомҳои электронӣ баррасӣ шуданд. Эътироф гардид, ки набудани ҳамгироӣ бо дигар низомҳои электроние, ки дар доираи онҳо асноди ҳолати шаҳрвандӣ сабт мешаванд, яке аз мушкилоти асосии рушди Тоҷикистон мебошад. Бинобар ҳамин дар ҳаёт татбиқ намудани лоиҳаи рақамикунонии хизматрасонии давлатӣ ба беҳтар намудани банақшагирӣ ва таҳияи буҷет мусоидат менамояд. Инчунин ба шарофати дастгирии ҳамгироии низоми бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо дигар низомҳои электронӣ ба ҳукумати электронӣ заминаи зарурӣ гузошта мешавад.

Иштирокдорони Конференсияи байналмилалӣ дар ҷаласаи дуюм вобаста ба амалисозии хизматрасонии давлатӣ тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ» мулоҳизаҳо пешниҳод намуданд. Иштирокдорон ҳамчунин оид ба мутобиқ будани сохтори мавҷудаи Вазорати адлия барои ҷорӣ намудани ҳукумати электронӣ, таъсис додани марказҳои пешниҳоди хизматрасонӣ ба аҳолӣ, интернет-портали ҳукумати электронӣ, рақами миллии беназири ягона ва дигар масъалаҳои мавзуӣ муҳокимаронӣ намуданд.