Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Оқ-Орда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
4 май дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон маросими истиқболи расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Оқ-Орда» баргузор гардид.
Ба хотири истиқболи меҳмони олимақом — Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон макони истиқболи расмӣ бо парчамҳои давлатии ду кишвар идона оро ёфта, горд ва оркестри фахрӣ саф кашида буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев самимона пешвоз гирифтанд.
Пеш аз оғози маросими расмии истиқболи меҳмони олимақом — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев нахуст бо ҳайатҳои расмии ҳар ду кишвар шинос шуданд.
Сипас, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.
Маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузашти сарони давлатҳо аз назди сарбозон ва ба ҷо овардани эҳтиром ба Парчами давлатии Қазоқистон баргузор шуд.