КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ СУЛҲ, ЯКПОРЧАГӢ ВА ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ МАРДУМИ ТОҶИК
Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иброз доштанд: “Конститутсия ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро фароҳам оварда, шакли олии ифодаи ҳуқуқии давлатдории миллӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад” (Паёми шодбошии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Конститутсия).
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон-қонуни асосии Тоҷикистон буда, 6-уми ноябри соли 1994 ба тариқи раъйпурсии умумӣ қабул карда шуд ва 26-уми сентябри соли 1999, 22-юми июни соли 2003 ва 22-юми майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад.
Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мо ҳамасола дар кишвари соҳибистиқлоламон 6-уми ноябрро ҳамчун Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва бо тантана ва шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегирем. Зеро қонуни асосии кишвар кафили амнияти ҳар як сокини мамлакат маҳсуб меёбад. Бояд қайд намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол муқаддам қабул гардида, ҳамчун раҳнамои миллат дар рушду нумӯи кишвар саҳми беназир дорад.
Дар давоми 30 соли баъди қабули Конститутсия ҷумҳурии соҳибистиқлоламон таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ як қатор пешравиҳо ба даст оварда шуд. Фароҳам овардани фазои осоиштаву босубот баҳри таъмини сартосарии сулҳу ваҳдати миллӣ, барқарор намудани муносибатҳои мутақобилан судманди байналмилалӣ ва сиёсати сулҳҷӯёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст.
Конститутсияи амалкунандаи кишварамон кафили сулҳ, якпорчагӣ, Ваҳдати миллӣ, пойдорӣ, таҷассумгари давлату давлатдорӣ, зиндагии шоиста ва ояндаи дурахшони мардуми тоҷик аст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи барои миллати тоҷик ҳассос ва сарнавиштсоз таҳия ва қабул гардид, имрӯз яке аз беҳтарин Конститутсияҳои дунё эътироф шудааст.
Маҳз дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси ҳуқуқии таъсис ва фаъолияти давлати мустақили Тоҷикистон муқаррар гардидааст. Дар баробари ин, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чун асоси ҳуқуқӣ барои рушди давлати навини Тоҷикистон мусоидат намуда, самтҳои инкишофи онро муайян менамояд.
Дар замони муосир Конститутсия сарчашмаи асосии ҳуқуқи инсон ба ҳисоб рафта, тамоми меъёрҳои ҳуқуқии дохилидавлатӣ, ки ба ҳуқуқу озодии инсон мутааллиқанд, дар асоси он қабул карда мешаванд. Ҳамин тариқ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти ҳуқуқ, таҷзияи ҳокимият, фаъолияти озоди иқтисодӣ, гуногунандешӣ, бисёрҳизбӣ, ки дар Конститутсияи кишвари соҳибистиқлол дарҷ гардидаанд, аз ҷумлаи арзишҳои умумибашарӣ ба ҳисоб мераванд.
Бояд қайд намуд, ки бо истифода аз ин санади муқаддас ва тақдирсоз, ки ҳамчун шаҳодатномаи миллат шинохта шудааст, тамоми сохторҳои ҳокимияти давлатӣ ва маҳаллӣ фаъолияти худро пеш мебаранд. Маҳз ҳамин қонун аст, ки ҳуқуқу озодии шаҳрвандон, махсусан занонро ҳимоя менамояд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардум сулҳу субот ва оромию осоиштагиро фароҳам овард. Мардуми шарафманди Тоҷикистон шукрона аз он мекунанд, ки дар чунин давлати орому осоишта зиндагӣ ба сар бурда, дорои бахтномаи миллати худ мебошанд.
Ҷ. МИРЗОЕВА,
корманди АМИТ