Калон, хурд, ниҳоят хурд: пойгоҳҳои базавӣ чи гуна мешаванд?
Ҳарсола МегаФон Тоҷикистон дар ҳудуди тамоми кишвар садҳо пойгоҳҳои базавии (ПБ) гуногунро ба кор медарорад. ПБ чӣ гуна мешаванд ва барои чӣ зарур аст, ки миқдори онҳо зиёд бошад?
Миқдори зиёди ПБ бо ду сабаб зарур меояд. Якум – бояд фарогирии шабака дар ҷое таъмин карда шавад, ки қаблан дар он алоқа мавҷуд набуд. Айни замон асосан ҷамоатҳои баландкӯҳҳо бо алоқа таъмин нестанд, дар ҷойҳои боқимонда алоқа аллакай фаъол аст. Сабаби дуюм – дар ноҳияҳои сераҳолӣ ва шаҳрҳои бузург ба даҳҳо ҳазор нафар лозим меояд, ки ҳамзамон занг зада, интернетро истифода баранд. Ҳар як ПБ метавонад танҳо ба миқдори муайяни муштариён хизмат расонад, агар теъдоди онҳо зиёд шавад, мутаносибан миқдори пойгоҳҳо низ бояд зиёд шавад. Вобаста ба макони насб ва теъдоди истифодабарандагон мутахассисони техникӣ намуди пойгоҳи базавиро интихоб менамоянд.
ПБ калон
Чунин пойгоҳҳои базавӣ ба фарогирии ҳудуди калон бо алоқа нигаронида шудаанд. Радуси амали онҳо вобаста ба басомади ПБ ва инчунин макони насби онҳо – шаҳрҳо бо биноҳои баландошёнаи ба ҳам зич ё мавзеи кушод аз 500 метр то 30 километрро ташкил медиҳад. Таҷҳизот дар иншооти антеннавӣ-мачтавӣ (ИАМ, соддатар гӯем, манора), қуллаи кӯҳ ё боми бино ҷойгир карда мешавад. Дар ҳар ҳолати мушаххас баландии насби ПБ алоҳида алоҳида ба инобат гирифта мешавад, лекин баландии ИАМ ба ҳисоби миёна 20-30 метрро ташкил медиҳад.
ПБ калон дар ҳама басомадҳои дар алоқаи мобилӣ амалкунанда – аз 800 то 2600 МГтс кор мекунанд, технологияҳои алоқаи ҳамаи наслҳо, аз 2G то 3G-ро дастгирӣ карда метавонанд. Ҳангоми истифодаи басомадҳои мухталиф ҳар пойгоҳи базавӣ ба наздики 1 000 муштарӣ дар як вақт хизмат мерасонад. 99% ҳамаи майдонҳои ширкати “МегаФон Тоҷикистон”-ро ПБ калон ташкил медиҳанд.
ПБ хурд
Биноҳои баландошёна, конструксияҳои металлӣ, намоҳои шишагин – ҳамаи ин барои сигнали телефон монеа пеш меоранд. Агар он дар дохили бино дастнорас бошад, мутахассисони алоқа ПБ хурди хеле қулайро ба кор мебаранд. Радиуси амали онҳо – наздики 10-15 метрро ташкил медиҳад, тариқи онҳо метавон то 100 истифодабарандаро мавриди хизматрасонӣ қарор дод.
ПБ ниҳоят хурд
Сухан дар бораи пойгоҳҳои базавии хурдтарин меравад. Онҳоро дар ҳуҷраҳои алоҳида ё утоқҳои кории идораҳо, толорҳои қаҳвахонаю тарабхонаҳо, хуллас, дар ҷойҳое насб мекунанд, ки теъдоди истифодабарандагонашон начандон зиёд аст. Моҳиятан гирем, ПБ ниҳоят хурд ин як навъ воситаи вусъатбахшандаи сигнали пойгоҳҳои базавии “калон” ба шумор меравад.
ПБ сайёр
Шарт нест, ки пойгоҳҳои базавӣ дар ҷои муайяне насб шуда бошанд. МегаФон Тоҷикистон ПБ-и сайёрро дар заминаи автомобил ба кор мебарад, ва ин чора бо мақсади вусъати шабака дар вақти чорабиниҳои бузург андешида мешавад. Ба қатори чунин чорабиниҳо консертҳои ситораҳо, мусобиқаҳои варзишӣ, форумҳои байналмилалӣ ва ҷашнҳои шаҳрӣ дохил мешаванд. Дар ин ё он ноҳия теъдоди истифодабарандагони алоқа тӯли якчанд соат ва ё аз ҳама зиёд, якчанд рӯз якбора ба маротиб зиёд мешавад – ва сипас боз ба нишондиҳандаҳои қаблӣ баробар мешавад. Бинобар ин, гузоштани боз як ПБ-и доимӣ дар чунин минтақаҳо зарур нест, дар вақти сарбории зиёдтарин ба шабака пойгоҳи сайёри базавӣ пайваст мешавад. Чунин пойгоҳҳои базавӣ ба фарогирии ҳудуди калон бо алоқа нигаронида шудаанд. Радуси амали онҳо вобаста ба басомади ПБ ва инчунин макони насби онҳо – шаҳрҳо бо биноҳои баландошёнаи ба ҳам зич ё мавзеи кушод аз 500 метр то 30 километрро ташкил медиҳад. Масалан, пойгоҳи сайёри базавӣ ҳамеша дар фестивали ҳарсолаи “МегаФон Life Fest” фаъол мешавад, то ки ҳамаи меҳмонон новобаста аз теъдодашон бе монеа занг бизананд ва интернетро истифода баранд.