Кадоме аз муштариёни Тоҷикистон бештар рақамикунонӣ шудаанд?
Ба мизоҷи ширкатҳои телекоммуникатсионӣ чӣ лозим аст, ки ӯ рақамишуда ҳисобида шавад? Нахуст, пайваста аз интернети мобилӣ истифода барад. Дуввум, дар ихтиёри худ маҷмӯи максималии хизматрасониҳои рақамӣ дошта бошад. Дар асоси як қатор параметрҳо маълум мешавад, ки истифодабарандагони нисбатан фаъоли “рақамҳо” дар кишвари мо – муштариёни “МегаФон Тоҷикистон” мебошанд. Маълумот медиҳем, ки кадом далелҳо боиси чунин хулосабарорӣ мегарданд.
Суръати бештар
Аз сифати интернети мобилӣ шурӯъ мекунем. Маҳз дар шабакаи «МегаФон Тоҷикистон» дар моҳи марти соли 2024 суръати баландтарини миёнаи видеои мобилӣ – 5 Мбит/с ба қайд гирифта шуд. Вақти интизории боргирии акс бошад ҳадди аққал – 3 сония буд. Мувофиқи системаи таҳлилии Vigo (https://vigo.ru), аз они дигар операторон аз 4 то 7 сонияро ташкил медод.
Сессияҳои бештар
Дар моҳи марти соли ҷорӣ теъдоди сессияҳои интернетии муштариёни “МегаФон Тоҷикистон” ба 35 миллион расид. Ин назар ба дорандаи ҷойи дуюм дар “ҷадвали мусобиқот” қариб ду баробар зиёд мебошад. Ва нисбат ба оператороне, ки аз рӯи ин параметр ҷойҳои сеюм ва чорумро ишғол мекунанд, панҷ – ҳафт маротиба бештар аст.
Агар дар бораи динамикаи умумии истифодаи интернет дар шабакаи «МегаФон Тоҷикистон» сухан гӯем, дар муқоиса бо соли гузашта 39% афзоиши трафики таҳвили маълумот ба қайд гирифта шудааст.
Видеои бештар
Муштариёни ширкати “МегаФон Тоҷикистон” бештар видео тамошо мекунанд. Аз рӯи теъдоди тамошо онҳо нисбат ба муштариёни операторе, ки аз рӯи ин параметр дар кишвар дар ҷои дуюм қарор дорад, якуним баробар зиёданд.
Функсияҳои бештар
Аввалин оператори имкониятҳои нави рақамӣ дорои имкониятҳои васеи хизматрасониҳо аст. Онҳо дар замимаи мобилии «МегаФон Life» дастрас мебошанд. Бо ёрии он, масалан, харид кардани чиптаҳои ҳавопаймо ё филм, интиқоли маблағ ба корти бонкӣ дар Тоҷикистон ва ё хориҷи кишвар, фармоиш додани дастраскунии маҳсулот ва доруворӣ дар Душанбе, дар вақти холӣ бозӣ кардан ва бурд намудани бастаи трафики интернет мумкин аст.
Тамоми ширкатҳои пешсафи телекоммуникатсионӣ замимаҳои худро доранд. Аммо онҳо асосан аз ҷиҳати функсияҳое, чун интиқоли маблағ байни ҳамёнҳои электронӣ, пур кардани тавозун ва пардохти хизматрасониҳои давлатӣ маҳдуд мебошанд. Чунин маҷмӯи хизматрасониҳое, ки «МегаФон Life» дорад, дар ягон ҷо нест.
Истифодабарандагони бештар
Феълан, сокинони кишвар аллакай қариб ду миллион маротиба SuperApp «МегаФон Life» – ро боргирӣ кардаанд – 1,7 миллион дар смартфонҳои дорои Android ва 230 ҳазор дар iOS. Замима ба даҳгонаи маъмултаринҳо дар кишвар миёни ҳамаи Mobile App шомил аст. Ва муштариён онро на танҳо боргирӣ мекунанд – он ёвари ҳамарӯза дар ҳалли бисёр масъалаҳои рӯзмарра ба ҳисоб меравад. Ҳамин тариқ, дар муқоиса бо соли гузашта танҳо афзоиши истифодабарандагони беназири ҳамёни мобилӣ дар «МегаФон Life» 40% -ро ташкил дод.
Дар хотима – боз ду рақам: интернети баландсуръати 4G аз ширкати “МегаФон Тоҷикистон” барои 80% сокинони кишвар ва хизматрасонии алоқа, дар маҷмӯъ ба 95% аҳолӣ дастрас мебошанд. Қариб ҳар як сокини Тоҷикистон метавонад муштарии “дар сатҳи баланд рақамишуда” гардад.