Кӯмаки ЗС дар ҳалли мушкилоти муштариён

Ахбороти технологияҳо Навид

Кӯмаки ЗС дар ҳалли мушкилоти муштариён

Чат-боти Доно, ки аз ҷониби ширкати “МегаФон Тоҷикистон” се сол пеш фаъол карда шуда, аввалҳо фақат ба саволҳои намунавӣ ҷавоб медод, аллакай як сол мешавад, ки бо мизоҷони ширкат дар Telegram муошират дорад. Ин таҷриба чунон бобарор баромад, ки лоиҳа идомаи худро пайдо намуд. Аз августи соли 2023 чат-боти ҳушёри Dono AI дар хати якуми хизматрасонӣ кор мекунад. Ин вақти посухдиҳиро то сатҳи назаррас кам карда, имкон медиҳад, ки шабакаҳои қулайи худхизматрасонӣ инкишоф дода шаванд.

Айни замон бо онлайн-ёрдамчӣ муштариён метавонанд мустақилона тавозунро бисанҷанд, холҳоро дар доираи барномаи бонусии “Раҳмат” ба хизматрасониҳои зарурии алоқа иваз намоянд ва интернетро танзим кунанд. Ивази тарофа, пайвасткунӣ ва қатънамоии хизматрасониҳо “бо як пахш” сурат мегиранд. Ба Dono AI метавон дар қисми “Онлайн-мушовир”-и замимаи мобилии “МегаФон Life” ё дар сомонаи расмии оператор муроҷиат намуд. Муҳим он аст, ки ба шарофати технологияҳои зеҳни сунъӣ чат-бот доимо дар омӯзиш аст ва махзани маълумоти худро пурра менамояд ва ба ин восита барои муштариён фоидаи бештар меорад. Лекин бо вуҷуди ин агар ҷавобгардонӣ ба савол барояш душвор шавад, ба муошират ба таври автоматӣ кормандони Хадамоти мизоҷон ҳамроҳ мешаванд.

Ба Доно боз чиро меомӯзонанд?

Dono AI матнро бо забони тоҷикӣ шинохта метавонад, барои ҳамин акнун таҳиякунандагон чат-ботро дар самти донистани забони тоҷикӣ инкишоф медиҳанд. Ба ғайр аз ин, ӯ бояд ҷавобгардониро ба саволҳои нисбатан душвори муштариён ёд гиранд. Дар баробари ин, васеъкунии вазифаҳои Доно дар қисми бекоркунии автоматии бастаҳо бо хоҳиши мизоҷон дар назар аст.

Доно аз одам чӣ бартарӣ дорад?

Dono AI натиҷаҳои хеле хуб нишон дода истодааст. Ҳаррӯза он ба садҳо муштариён хизмат расонида, ба таври самаранок масъалаҳои онҳоро ҳал мекунад ва ҳамин тариқ сарбории операторон-одамонро, ки метавонанд барои ҳалли масъалаҳои душвор вақти зиёдтар сарф намоянд, кам мекунанд. Дар охири соли 2023 сарбории операторон аллакай ба андозаи 17% кам карда шуд. Дар реҷаи тестӣ намуна бо дастгирии забони тоҷикӣ фаъол мебошад, ки ин ҳаҷми кори мушовироно боз ҳам зиёдтар коҳиш медиҳад.

Бо чат-боти доно сатҳи фаврият ва сифати хизматрасонӣ боло мераванд. Вақти миёнаи интизории ҷавоб аз ҳисоби ҳалли масъалаҳо тавассути Dono AI аз августи соли 2023 15 сония кам карда шуд. Муштариён аз зарурати интизор шудани навбати худ дар хати алоқа озод гардиданд. Муҳим он аст, ки чат-бот ҳангоми ҳар як суҳбат бо истифодабарандагон инкишоф меёбад ва акнун метавонад ҳатто ба дархостҳои ғайристандартӣ – масалан, вақте муштарӣ бо хатоҳо ва ихтисораҳо менависад, жаргонҳоро истифода мебарад, ҷавоб гардонад. Дар маҷмӯъ, Dono AI алҳол 9% ҳамаи муроҷиатҳоро ба Хадамоти мизоҷони ширкат баррасӣ менамояд.

Таҳиякунандаи Доно кист?

Дар МегаФон Тоҷикистон дастаи IT-мутахассисони пуртаҷриба кор мекунанд ва ширкат ба онҳо имкон медиҳад, ки дар дохили ширкат инкишоф ёбанд, аз ҷумла имкониятҳои ЗС-ро аз худ намоянд. Dono AI на танҳо пурра аз ҷониби кормандони ширкат таҳия карда шуд – ин идеяи онҳо буд. Ба дастаи таҳиякунандагони чат-боти доно чор мутахассиси ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дохил шуданд: роҳбари шуъбаи коркардҳо, муҳандис-таҳиягар, Python-таҳиягар ва UX/UI-дизайнер дохил шудаанд. Дастгирии минбаъда ва инкишофи лоиҳае, ки айни замон шабеҳи он дар Тоҷикистон мавҷуд нест, инчунин бо нерӯи худи ширкат амалӣ карда мешаванд.