Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,
Пеш аз ҳама, мехоҳам зикр намоям, ки дар натиҷаи сафари давлатии имрӯзаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Миромонович ба кишварамон мо ба ҳалли таърихии маҷмӯи масъалаҳои муҳими дуҷонибаи рӯзномаамон расидем.
Суҳбати созанда ва муфассал оид ба доираи васеи масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон ва дурнамои рушди онҳо дар фазои комилан ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт.
Аз рӯи натиҷаи мулоқоту музокирот мо бастаи муҳими санадҳои дуҷонибаро, ки тақрибан аз 30 созишнома иборат мебошанд ва аксари соҳаҳои калидии ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар бар мегиранд, ба имзо расонидем.
Ин баста фарогири муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ, инчунин соҳаҳои мудофиа ва амнияти мо мебошад.
Мо имрӯз қариб ҳамаи масъалаҳои давоми беш аз 20 сол ҷамъшударо ҳал намудем.
Мутмаинам, ки натиҷаҳои сафари таърихии муҳтарам Шавкат Миромонович ба Тоҷикистон ба рушди босуръат ва ҳамаҷонибаи тамоми маҷмӯи муносибатҳоямон дар асоси дарозмуддат такони сифатан нав мебахшанд.
Дар ин замина, бо хушнудии бузурге мехоҳам изҳор дорам, ки аз ҷониби мо қарорҳои ниҳоят муҳим оид ба содагардонидани низоми раводид ба муҳлати то 30 рӯз ва тадриҷан барқарор намудани фаъолияти ҳамаи шонздаҳ нуқтаҳои гузаргоҳӣ дар сарҳади байни ду кишвар қабул гардиданд.
Қарорҳои мазкур, ки онҳоро мардумони бародари мо солҳои зиёд интизор буданд, ба манфиати онҳо ҷавобгӯ мебошанд.
Доир ба иқдомҳои муштарак ҷиҳати ҳарчи зудтар пурра барқарор намудани фаъолияти роҳҳои оҳан, мошингард ва ҳавоӣ, инчунин доир ба паст намудани тарифҳо барои интиқоли транзитӣ ба мувофиқа расидем.
Дар робита ба ин, мехоҳам аҳамияти барқарорсозии фаъолияти роҳи оҳани қитъаи Ғалаба – Амузангро зикр намоям.
Имрӯз мо бо муҳтарам Шавкат Миромонович дар фазои тантанавӣ ин қитъаи роҳро ба истифода хоҳем дод.
Ин, бешубҳа, руйдоди муҳим аст, зеро дар баробари афзоиши гардиши боркашонӣ миёни кишварҳоямон ва густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ барои пешрафти ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳои ҷанубии Тоҷикистон, ки шумораи аҳолии онҳо зиёда аз се миллион нафар мебошад, замина фароҳам меорад.
Дар айни ҳол роҳҳои мустақими ҳавоӣ миёни пойтахтҳои кишварҳоямон фаъоланд ва бо шарофати санадҳои дуҷонибаи имрӯз баимзорасида дар ояндаи наздик робитаҳои ҳавоӣ ва автомобилӣ миёни дигар шаҳрҳо низ барқарор хоҳанд шуд.
Ин тағйироти мусбии соҳаҳои нақлиёт ва коммуникатсия барои таҳкими тамоми маҷмӯи муносибатҳои мутақобилаи мо шароити мусоид фароҳам меоранд.
Имрӯз шарикии байнидавлатии мо бомуваффақият рушд меёбад, робитаҳо дар сатҳи ҳайатҳои расмӣ ва гурӯҳҳои кории гуногун, доираҳои соҳибкорӣ ва ходимони фарҳангӣ хусусияти мунтазам касб мекунанд.
Мо минбаъд низ барои густариши мутақобилаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ тадбирҳои муассир меандешем.
Зикр кардан боиси хушнудист, ки гардиши савдои хориҷӣ миёни Тоҷикистону Ўзбекистон дорои тамоюли рушди устувор мебошад.
Вақтҳои охир ҳаҷми он шаш маротиба афзуд.
Солҳои наздик, мо тасмим дорем, ки савдои мутақобиларо то ним миллиард доллари ИМА расонем.
Имрӯз дар шаҳри Душанбе форуми доираҳои соҳибкорӣ кори худро оғоз менамояд ва намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ӯзбекистон, ки ҷузъи муҳими Барномаи сафари Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон мебошад, ифтитоҳ меёбад.
Умедворем, ки натиҷаҳои ин чорабиниҳо барои ҳамкории мутақобилаи самараноки мо дар бахшҳои ояндадори иқтисодиёт заминаи иловагии боэътимод мегарданд ва барои рушди минбаъдаи ҳамкории тиҷоратию сармоягузории ҳарду кишвар шароити мусоид фароҳам меоранд.
Мо муҳимияти рушди ҳамкории байниминтақавии ду кишварро, ки бо имзои созишномаи алоҳида мустаҳкам гардидааст, зикр намудем.
Мо итминон бар он дорем, ки рушди робитаҳо миёни минтақаҳои давлатҳоямон имкон медиҳанд ҳамкории тиҷоративу иқтисодиамонро ҷоннок намоем.
Мо қариб ҳамаи масъалаҳои ҳалношудаи вобаста ба сарҳадро мувофиқа намудем.
Имзои Созишнома оид ба қитъаҳои алоҳидаи Сарҳади давлатӣ аҳамияти стратегӣ дошта, барои ба сатҳи нави шарикӣ баровардани муносибатҳоямон шароит фароҳам меорад.
Зимни мулоқоту музокирот зарурати тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва гуманитарӣ таъкид гардид.
Мо масъалаҳои ҳифзи мероси маънавӣ ва фарҳангии ду халқи бародар ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ба роҳ мондани робитаҳо миёни ходимони фарҳангӣ, илмӣ ва маорифро баррасӣ намудем.
Дар ин замина, гап дар бораи тарҷумаи адабиёти классикӣ ва муосир ба забонҳои ду давлат, инчунин дар бораи мутаносибан ба роҳ мондани омӯзиш ва таълими забонҳои ӯзбекӣ ва тоҷикӣ дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мерафт.
Ҷонибҳо минбаъд низ барои ҷоннок намудани ҳамкорӣ дар ин соҳа кӯшишҳо ба харҷ медиҳанд.
Мо оид ба доираи васеи масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ суҳбати пурмуҳтаво доштем, ки зимни он муносибатҳоямонро ба масъалаҳои барои Осиёи Марказӣ мубрам муқоиса намудем.
Оид ба масъалаҳои ҳамкории зич дар самти истифодаи оқилона ва ҳамаҷонибаи захираҳои обу энергетикӣ, бо назардошти манфиатҳои ҳамаи кишварҳои минтақа, ҳамдигарфаҳмӣ ҳосил гардид.
Мо оид ба он, ки иншооти гидроэнергетикии мавҷуда ва сохташудаистода ба ҳалли мушкилоти обию энергетикии минтақа мусоидат менамоянд, ҳамфикр будем.
Дар ин замина, мо доир ба таҳкими ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди таҳдидҳо ва хатарҳои муосир ба мувофиқа расидем.
Мо оид ба ҳамкории минбаъда дар соҳаҳои амният ва мудофиа созишномаҳо имзо намудем.
Ин санадҳо тартиби ҳамкории мутақобилаи наздиктари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа ва хадамоти махсуси ду давлатро дар таъмини сулҳу субот дар кишварҳоямон ва дар маҷмӯъ дар минтақаро муайян мекунанд.
Дар доираи музокироти имрӯза, мо оид ба мушкилоти Афғонистон мубодилаи афкор намуда, ақидаҳои ҳамсонро дар бораи ҳодисаҳои дар ин кишвари ҳамсоя рухдиҳанда таъкид намудем.
Мо талошҳоро дар самти барқарор намудани сулҳ ва ризоият дар Афғонистон истиқбол намуда, дар ин раванд ҳамагуна дастгириро ба мардуми Афғонистон идома медиҳем.
Созишҳое, ки дар ҳамаи самтҳои зикршуда ба даст омаданд, дар Изҳороти муштараки ду президент, ки дар ВАО нашр мешаванд, ба таври муфассал дарҷ гардидаанд.
Танҳо ҳаминро зикр мекунам, ки дар маҷмӯъ, мо оид ба зарурати тақвияти ҳамкории мутақобилаи кишварҳоямон, ҳам дар сиғаи дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба ҳамфикр будем.
Бо назардошти ин натиҷаҳои мусбӣ, мо музокироти сатҳи баланди имрӯзаро ҳамчун оғози марҳилаи нави таърихӣ дар муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории бисёрҷанбаи Тоҷикистону Ӯзбекистон арзёбӣ менамоем.
Дар робита ба ин, мехоҳам саҳми муҳими муҳтарам Шавкат Миромоновичро барои фароҳам овардан ва ташаккули шароити зарурӣ ҷиҳати ба маҷрои сифатан нав баровардани ҳамкориҳои мутақобилаамон махсус таъкид созам.
Ибтикороти Шумо дар ин самт ба беҳтар шудани робитаҳои мутақобилаамон дар ҳамаи масъалаҳои калидии рӯзномаи муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон мусоидат мекунад.
Барои ин кӯшишҳо аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ба Шумо миннатдории самимона изҳор медорам.
Аз рӯзҳои нахустини оғоз намудани фаъолият дар ин мақом дӯсти азиз ва бародарам Шавкат Миромонович, ҳамчун ҷонибдори боэътиқоди таҳкими муносибатҳо бо ҳамсояҳо дар минтақа, ҷиҳати фароҳам овардани замина барои рушди мунтазам ва бисёрҷанбаи муносибатҳои мутақобилаамон ҳар чиро ки аз ӯ вобаста буд, анҷом дод.
Мехоҳам онро низ зикр намоям, ки тағйироти мусбие, ки дар як давраи кӯтоҳ таҳти роҳбарии Шумо, Шавкат Миромонович дар Ӯзбекистон ба амал омад, дар Тоҷикистон ҳамаро хушҳол мекунанд.
Ба Шумо саломатии бардавом, барои расидан ба ҳадафҳои гузошташуда муваффақиятҳои нав, инчунин ба мардуми бародари Ӯзбекистон сулҳу некӯаҳволӣ ва шукуфоии минбаъдаро таманно дорам.