Изҳороти Хадамоти алоқа дар робита ба хабари фейкӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Вобаста ба хабаре, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ доир ба “қоидаҳои нави алоқа” чарх мезанад, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онро комилан рад карда, беасос медонад.
Дар ин хабари фейкӣ аз сабти ҳама зангҳои телефонӣ, паёмҳо ва зангҳои Whatsapp ва инчунин мониторинги Twitter ва Facebook сухан меравад, ки комилан беасос ва гумроҳкунанда аст.
Ба маълумоти шаҳрвандон мерасонем, ки аз ҷониби Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии ва операторони алоқаи барқӣ ҳеҷ гуна қоидаи наве ҷорӣ нашуда, фаъолияти соҳаи алоқа дар асоси қонунгузории амалкунандаи кишвар ба таври маъмул идома меёбад.
Аз ин рӯ, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми муштариёни операторони мобилӣ ва кулли шаҳрвандон мехоҳад, ки ба ҳар гуна хабару овозаҳои бардурӯғ ва фейкӣ бовар накунанд. Мо бовар дорем, ки ин гуна хабару овозаҳои бардурӯғ аз ҷониби ашхос ва гурӯҳҳои манфиатхоҳ бо мақсади ба таҳлука андохтани ҷомеа паҳн карда мешаванд.
Хадамоти алоқа ва тамоми операторони алоқаи барқӣ ҳама гуна тағйирот ва қоидаҳои навро ба таври расмӣ манзури шаҳрвандон мекунанд. Бинобар ин, бори дигар хоҳиш карда мешавад, ки танҳо хабарҳои расмиро пайгирӣ намоед.