Иштироки Сафири Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои роҳбарони маъмуриятҳои алоқаи кишварҳои узви Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа

Ахбороти технологияҳо Навид

Иштироки Сафири Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои роҳбарони маъмуриятҳои алоқаи кишварҳои узви Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа

8 ноябри соли 2023 дар ш. Ашқобод, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Ниятбекзода Вафо дар ҷаласаи 59-уми Шӯрои роҳбарони мақомоти алоқаи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа ва 29-умин Шӯрои ҳамоҳангсозии давлатҳои аъзои ИДМ оид ба иттилооти назди Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа иштирок намуд.

Тавре сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, иштирокчиён оид ба масъалаи рушди рақамӣ ва татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувори СММ дар кишварҳои иштирокчиёни Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи мубодилаи афкор намуданд.