Интернет чист, аз куҷо пайдо мешавад ва чӣ гуна кор мекунад?
Интернет – ин шабакаи иттилоотию коммуникатсионӣ ва системаи умумиҷаҳонии шабакаҳои компютерии ба ҳам пайваст буда барои нигоҳдорӣ ва интиқоли иттилоот истифода бурда мешавад.
Интернет миллионҳову миллиардҳо компютер ва дигар дастгоҳҳои алоқаи барқиро фаро мегирад. Таърихи интернет аз соли 1969 ҳамчун яке аз барномаҳои тадқиқотӣ оғоз мешавад. Он солҳои 1990 таъсис ёфтааст. Худи калимаи “Internet” ихтисораи ибораи англисии “Interconnected Networks” (Интерконектд Нетвокс) буда, маънояш «шабакаҳои ба ҳам пайваст» мебошад.
Интернет аз куҷо пайдо мешавад? Барои фаҳмидани он ки Интернет чист ва аз куҷо пайдо мешавад, шумо бояд онро ҳамчун системае, ки аз ду ҷузъ иборат аст, баррасӣ кунед. Ҷузъи аввал, таҷҳизоти таъминкунанда аст, ки ҳама чизро аз ноқилҳо то компютерҳо дар бар мегирад. Он ҳар сония ҳаҷми хеле зиёди иттилоотро тавассути ноқилҳои баландсифат аз нуқтаи А ба нуқтаи Б интиқол медиҳад. Инчунин дигар намуди таҷҳизоти техникие, ки Интернетро дастгирӣ мекунанд, ин роутерҳо, серверҳо, манораҳои мобилӣ, моҳвораҳо, радиоҳо, смартфонҳо ва ғайраҳо мебошанд.