“Интернет барои хона” вориди ҳавлӣ шуд
Интернети ноқилӣ аз аввалин оператори имкониятҳои нави рақамӣ дар маҳаллаи “Водонасосный”-и шаҳри Душанбе дастрас гардид. Акнун сокинони бахши хусусӣ имкон доранд, ки сифати таҳвили маълумотро аз рӯи технологияи GPON баҳогузорӣ намоянд.
“Интернет барои хона” аз ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар зиёда аз 240 хонаҳои воқеъ дар кӯчаҳои Ҳамзалиев, Пӯлод Толис, Ҳазора ва Муҳаммад Осимӣ дастрас мебошад. Пайвасткунӣ аз рӯи технологияи GPON, ки сатҳи баланди устуворӣ ва суръатро таъмин менамояд, анҷом дода мешавад. Соҳибони бисёр хонаҳо аллакай интернетро дар маконҳое истифода мебаранд, ки дар онҳо провайдерҳои анъанавӣ ҳоло хизматрасониҳои худро муаррифӣ накардаанд.
Барои пайвасткунии “Интернет барои хона” сокинони ноҳияро кофист, ки ба рақами 4747 занг зада, дархост гузоранд. Мутахассисони ширкат дар давоми 24 соат хизматрасониро пайваст менамоянд. Тарофаи қулайро метавон пешакӣ дар сомонаи ширкат интихоб намуд.
“Мо кӯшиш менамоем, ки ҳар хонаро бо интернети босуръат, устувор ва аз рӯи нарх дастрас таъмин намоем. Хабарҳоро пайгирӣ намоед, то имконияти пайвасткунии “Интернет барои хона”-ро ҳангоми пайдошавии он дар кӯчаатон аз даст надиҳед!” – мегӯяд директори департамент оид ба инкишоф ва корбурди ТМСБ ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Алиҷон ҒАНИЕВ.
Дар ояндаи наздик мутахассисони ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ҳудуди хизматрасониро васеъ намуда, “Интернет барои хона”-ро ба сокинони кӯчаҳои П.Абдуллоев, Охунбобоев, Варзоб, Гулистон, Зафар Нозим, Кулбин, Куприн, Лутфӣ Обихоҷаев, Радишев, Фарҳод ва Файзулло Ансорӣ пешниҳод хоҳанд кард.