Истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва татбиқи ҳарчи васеъи он дар ҷомеа яке аз ниёзмандиҳои замони ҷаҳонишавӣ ба шумор рафта, дар заминаи он ташаккули ҳукумати электронӣ аз масъалаҳои муҳими замони муосир мебошад.
Кишварҳое, ки дар истифодабарии имкониятҳои технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардидаанд, пеш аз ҳама ба масъалаҳои қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор, омода намудани кадрҳои баландихтисос, рушди инфрасохтори иттилоотӣ ва татбиқи усулҳои идоракунии электронӣ диққати зарурӣ медиҳанд.