Холҳои барномаи «Раҳмат»-ро дар «МегаФон Life» иваз намоед
Холҳои барномаи «Раҳмат»-ро бо мукофот дар замимаи мобилии «МегаФон Life» иваз карда метавонед. Ин нисбат ба дархотиргирӣ ва рақамчинии дастии дархостҳои рақамӣ қулайтару осонтар аст. USSD-дархостҳои қаблӣ барои фаъолкунии мукофотҳо – *0505 ва *505# – танҳо барои соҳибони телефонҳои тугмачадор дастрас боқӣ мемонанд. Барои смартфонҳо онҳо қатъ карда мешаванд.
Холҳои барномаи «Раҳмат» барои харид дар мағозаҳо, анҷомдиҳии амалиёти пардохтӣ тариқи «Ҳамён»-и замимаи «МегаФон Life», инчунин барои истифодаи хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ, пешниҳод мегарданд. Бар ивази ҳар 5 сомонии барои алоқа сарфкардашуда, ба муштарии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» 1 хол пешниҳод мегардад.
Холҳоро ба мегабайтҳои интернет, дақиқаҳо, SMS ва дигар хизматрасониҳои алоқа иваз кардан мумкин аст. Масалан, 50 дақиқаи зангҳо ба Россия ҳамагӣ 60 хол арзиш доранд. 45 холро ба 10 дақиқаи суҳбат бо АМА иваз карда, бо наздикон гуфтугӯ карда метавонед.
Дар байни муштариён ивазкунии холҳо ба мегабайтҳои интернет хеле маъмул аст. Масалан, 120 холи дар доираи барномаи «Раҳмат» гирифташударо 500 Мб, 380 холро – ба 2 000 Мб иваз карда метавонем. Бо 300 хол дастрасии бемаҳдуд ба YouTube ба муҳлати 7 рӯз пешниҳод мегардад. Муҳим он аст, ки бастаҳои трафики интернетро на танҳо барои худ, балки ба рақами дигар муштариёни ширкат низ пайваст кардан мумкин аст.
Барои фаъолкунии мукофот бояд замимаи «МегаФон Life»-ро кушода, дар саҳифаи асосӣ қисми “Холҳо”-ро пахш намоем. Баъдан мукофоти лозимӣ барои ивазкунии холҳои муштарӣ интихоб гардида, сатри “Пайваст карда шавад” пахш мегардад.
Холҳои барномаи «Раҳмат”-ро тавассути «МегаФон Life» иваз намоед!