Хизматрасонии «Дорухона»: доруҳоро бо ёрии смартфон бихаред
Дар замимаи «МегаФон Life» хизматрасонии «Дорухона» барои фармоиши доруворӣ ва дигар маҳсулоти тиббӣ роҳандозӣ гардид. Сокинони Душанбе метавонанд тавассути он фармоишҳоро ба расмият дароварда, маблағашонро пардохт намоянд, раванди молрасониро ба суроғаи зикршударо пайгирӣ кунанд. Қисмати мазкур дар «Ҳамён»-и замимаи мобилӣ ҷойгир шудааст.
Чӣ тавр дорувориро метавон пайдо кард?
Дар «Ҳамён» дар қисми «Хизматрасониҳо» ифодаи «Дорухона»-ро интихоб намоед. Он ҷо дар саҳифаи асосӣ молҳои навин, молҳо бо тахфиф ва пешниҳодҳои мавсимӣ гузошта шудаанд. Дар «Каталог» ба шумо интихоб аз рӯйи категорияҳо ва имкони ҷустуҷӯ аз рӯйи ном дастрас аст. Доруҳои лозимиро дар қисми “Доруворӣ” интихоб карда метавонед.
Агар шумо ба зудӣ «Дорухона»-ро дар замимаи «МегаФон Life» пайдо накарда бошед, пас замимаро тариқи суроғаи life.tj то ҳадди намунаи охирин нав кунед. Он ҷиҳати дастрасӣ ба ҳамаи сервисҳои наве, ки оператор баҳри пешниҳоди имкониятҳои қулай ба корбарон таҳия менамояд, кӯмак мекунад.
Харид чӣ гуна анҷом дода мешавад?
Дар кунҷи рости поёни ҳар як саҳифаи маҳсулот тугмача бо тасвири сабад мавҷуд аст. Бо пахши он, шумо молро барои пардохти минбаъда ба канор мегузоред. Дар ҳамон саҳифа маълумоти лозимӣ, ба монанди дастурамал, фикру мулоҳизаҳои муштариён, рӯйхати маҳсулоти шабеҳи моли интихобгардида, низ ҷойгир аст.
Барои расмиёти фармоиш, бояд дар кунҷи поён тугмаи «Дар сабад»-ро пахш карда, ба қисми дахлдоре, ки нархи мол бе назардошти арзиши дастраскунӣ нишон дода шудааст, гузаред. Баъдан гуфтаи «Гузариш ба барасмиятдарорӣ»-ро пахш карда, намуди молрасонӣ (маъмулӣ ё фаврӣ) ва суроғаро нишон диҳед. Сипас «Пардохт карда шавад» -ро зер намоед. Маблағҳо метавонанд аз тавозуни «Ҳамён», корти бонкии ба замимаи «MeгаФон Life» пайвастшуда ё корти қарзии «Орзу» гирифта шаванд. Шумо, инчунин, маблағҳои дар намуди кешбэк бадастомадаро истифода бурда метавонед.
Диққат диҳед: маблағи фармоиш бояд на камтар аз 35 сомонӣ бошад!
Арзиши бурдарасонӣ чанд аст?
Дастраскунии молҳои харидашудаи тиббӣ танҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе имконпазир аст. Ду вариант вуҷуд дорад: маъмулӣ ва фаврӣ. Агар саросема набошед, якумашро интихоб кунед – дар ин ҳолат шумо бояд барои молрасонӣ 5 сомонӣ пардохт кунед, фармоиш дар давоми 3 соат расонида мешавад. Бурдарасонии фаврӣ 20 сомонӣ аст, шумо молро на дертар аз 45 дақиқа мегиред.
Чӣ тавр ҳолати фармоиши пардохтгардида пайгирӣ карда мешавад?
Баъд аз пардохти бомуваффақият дар замимаи «МегаФон Life», push-огоҳӣ ворид мегардад. Барои пайгирии ҳолат бояд тугмаи «Фармоишҳои ман» -ро дар кунҷи рости болои экран пахш кунед. Ин қисм маълумотро дар бораи ҳаракати фармоиш инъикос менамояд.
Аз «Дорухона»-и замимаи «МегаФон Life» истифода баред ва тансиҳат бошед!
Шарики хизматрасонӣ – шабакаи дорухонаҳои Salomat.tj.