«HiBrand Pamir 2024»: Нафиса Имранова ва Фарҳод Калонов бо сокинони шаҳри Хоруғ дар бораи Тоҷикистону ҷаҳон ва фаъолияти худ суҳбат доштанд

Навид

«HiBrand Pamir 2024»: Нафиса Имранова ва Фарҳод Калонов бо сокинони шаҳри Хоруғ дар бораи Тоҷикистону ҷаҳон ва фаъолияти худ суҳбат доштанд

Дар ВМКБ вохӯрӣ бо блогерони маъруф Нафиса Имранова ва Фарҳод Калонов баргузор гардид. Сокинони вилоят, ки ба саноати муд, инчунин ба сайру саёҳат ва соҳаи туризм   таваҷҷуҳ доштанд, барои суҳбат бо онҳо имкон пайдо намуданд. Ташкили  вохӯрии “HiBrand Pamir 2024”-ро  ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ба зимма  гирифт.     

«HiBrand Pamir» –  лоиҳаи чандинсолаи   ширкат буда, дар  раванди   он барои ҷомеаи касбӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон чорабиниҳои шаклашон  гуногун гузаронида   мешаванд. Иштирокчиёни лоиҳа дар бораи тамоюлҳои мубрам   маълумот гирифтанд, дониши муфид пайдо карда,   қиссаҳои    илҳомбахшро  дар хусуси   муваффақият    шуниданд.

Яке аз ровиёни  вохӯрӣ дар ВМКБ  тарроҳи боистеъдод ва муассиси бренди ZHIWJ  – Нафиса Имранова буд.  Вай дар Хоруғ ба дунё омадааст ва аз ин рӯ суҳбат  гармиву  самимияти хос пайдо  кард.    Нафиса дар бораи роҳи тайкардаи худ дар  ҷаҳони муд, аҳамияти зодгоҳаш дар кори эҷодии ӯ  нақл карда, ба саволҳои зиёди меҳмонон посух дод.

«Ман муддатҳост, ки мухлиси   Нафиса ҳастам   ва дидор бо ӯ   орзуи деринаи ман буд.  Гуфтаҳо  дар бораи   душвориҳои    пасисарнамудаи вай    ба ман нерӯю  боварй бахшиданд. Ташаккури зиёд ба МегаФон Тоҷикистон барои вохӯрӣ!” – мегӯяд иштирокчии “HiBrand Pamir 2024” Нурангез Назаршоева.

Меҳмони дуюми вохӯрии шаҳри Хоруғ сайёҳ Фарҳод Калонов буд, ки чанде пеш сайёҳати гирди оламро таҳти унвони  «Мо тоҷикем-5.  Беинтиҳоӣ ҳудуд надорад»  анҷом дод.   Ӯ дар давоми як солу хафт моҳ  қаламрави  52 кишвари ҷаҳонро гузашта,  110 хазор километр роҳро тай намуд.   Фарҳод дар бораи саргузаштҳои худ ва мавзеъҳои  аҷибе, ки ба  онҳо ташриф  овардааст,  сухан кард.

«Фарҳод Калонов қаҳрамони ман мебошад! Саргузашти ӯро шунида, пай бурдам, ки дунё беканор ва пур имконот аст. Ман худам низ хоҳиши анҷом додани ягон амали   ғайриоддиро  доштам. Ин вохӯрӣ то абад дар хотир боқӣ мемонад”, – таассуроти худро иброз дошт   сокини шаҳри Хоруғ Мурод Аҳмадшоев.

«Нафиса ва Фарҳод илҳом мебахшанд! — илова кард Алия Самадшоева. – Ба шарофати гуфтаҳои   онҳо мо мефаҳмем, ки ҳеҷ чиз ғайриимкон нест ва   орзуҳо амалишавандаанд.   Ташаккур ба онҳо ва ташкилкунандагони   ин вохӯрии хотирмон!»