ХАТАРҲОИ РАВОНИИ ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ

Ахбороти технологияҳо Мубориза бо терроризм Навид

ХАТАРҲОИ РАВОНИИ ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ

Терроризм ва экстремизм ҳамчун зуҳуроти хавфноки замони муосир ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардаанд, зеро доираи вусъати амали ин гурӯҳи одамон, ки аз ҷониби ташкилотҳои махсус дар саросари ҷаҳон идора мешаванд, дар ҳақиқат ҳам, боиси нигаронист.
Дар шароите, ки башарият аз сатҳи баланди маърифат, аз баробарии инсонҳо ва гуфтугӯи тамаддунҳо ҳарф мезанад ва ё таманнои расидан ба онро дорад, ин зуҳурот хавфи ҷиддие ба инсоният мебошанд.
Террористону экстремистон касоне ҳастанд, ки дар рафтор ва ҳаракати онҳо ҳассосият нисбат ба ақл афзалият дорад, баъзан ин ҳассосият ҳатто ба дараҷаи аффективӣ ё бехудӣ мерасад ва мутаассифона, бо чунин рӯҳия онҳо ба маконҳои серодам наздик мешаванд ва чӣ кор кардани худро сарфаҳм намераванд, ки хатари аслии равонии ҳолати онҳо низ ҳамин аст.
Сатҳи пасти маърифат, ки барои ҷо намудани афкори ғалату зиддиинсонӣ имкон медиҳад, чунин тарзи фаҳмишро дар зеҳнҳо ҷой медиҳад, ки танҳо зӯроварӣ, бераҳмӣ ва таҳдид василаи асосии таъсиррасонӣ барои табдил додани олам ба шумор меравад. Ба аксарияти онҳо аломатҳои содагӣ, нодонӣ хос аст, ки ин монеаи асосӣ барои ҳалли масъалаҳои мураккаби ахлоқӣ ва маънавии онон мегардад. Инро таҷрибаҳои дастгир кардану кӯшиши ислоҳи онҳо нишон медиҳад.
Мутаассифона, муассисону роҳбарони гуруҳу созмонҳои терророристӣ ин хусусиятҳои равониро ҳангоми тайёр намудани аъзои худ хуб ба инобат мегиранд ва дар саҳифаву сомонаҳои хусусияти эстремистию террористидошта ҳуҷуми равонӣ ё худ психологӣ мавқеи хосса дорад ва гуё дар онҳо равоншиносони соҳибкасб барои ҷалб кардани одамони гумроҳ, содда ва камсавод машғуланд. Онҳо дар сомонаҳо ролику видео, навиштаҷоти кӯтоҳеро барои ҷалби шаҳрвандон, хусусан ҷавонон истифода мебаранд, зеро мо медонем, ки ҳеҷ кас аз модар террорист таваллуд намешавад, балки ӯро шахсони алоҳида дар давраҳои гуногун ба ҳар тарз тайёр мекунанд.
Аз ин ҷо бармеояд, ки яке аз василаҳои муҳимми мубориза бо терроризму экстремизм низ ҳамин васила аст; таъсири мусбати равонӣ ба руҳияи аҳли ҷомеа, махсусан, наврасону ҷавонон ва дар вуҷуди онҳо бедор сохтани тасаввуру тафаккуре, ки бо афкори носолим ва зӯргӯву даҳшатафкан муқобилат дошта бошад.
Ин нозукии масъала мавриди истифода қарор дорад. Мо мебинем, ки ба мулоқоту суҳбатҳо бо шахсоне, ки аз гурӯҳу созмонҳои террористиву экстремистӣ фирор кардаанд ва ё аз ҷангҳо баргаштаанд, асосан равоншиносон даъват мешаванд ва дар марҳилаи нахустин маърифати тахассусии онҳо кор медиҳад. Аммо ин раванди баъдӣ аст. Раванди нахуст он аст, ки болотар зикр намудем, яъне, кӯшишҳои таъсири мусбати равонӣ ба руҳияҳост. Омӯзиши ин мушкилот имконияти истифодаи чораҳои пешгирикунӣ ва роҳ надодан ба амалҳои террористиро таъмин менамояд. Ин масъала аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад, зеро терроризм хатарест, ки ҳастии инсониятро зери суол бурдааст, аз ин рӯ, бо ҳама роҳҳои имконпазир бо он мубориза бояд кард.
Равоншиносон ҳам ҳангоми таҳлили руҳияи ин гуна одамон ба омилҳои равонӣ, шахсӣ ва иҷтимоӣ-равонӣ бештар аз омилҳои ҳуқуқӣ-ахлоқӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Масалан, С.Рошин менависад, ки бештар на ба ҷанбаи ҳуқуқӣ ва маънавии ин масъала, балки ба омилҳои равонӣ, шахсӣ ва иҷтимоӣ-равонӣ таваҷҷӯҳ бояд кард, зеро маҳз ҳамин омилҳо инсонҳоро ба ин амал равона мекунанд, ки он боиси марг ва ё маъюбии онҳое мегардад, ки гуноҳе надоранд.
Шахсоне, ки амалиётҳои террористиро иҷро менамоянд, аз нуқтаи назари психологӣ чӣ гуна мебошанд? Равоншиносони дигар ба он андешаанд, ки омӯзиши шахсияти террорист кори бениҳоят мушкил мебошад; террористон барои вохӯрӣ бо хабарнигорон бо мақсади тарғибу ташвиқоти ақидаҳои худ омодаанд, аммо муносибат бо равоншиносонро қабул надоранд, барои он ки равоншиносон аз ҳолати равонӣ ва ҳатто саломатии онҳо хабар меёбанд. Хусусияти шахсияти террорист ҳам дар он аст, ки ӯ тамоми оламро ба гурӯҳи худ, ташкилоти худ, барои мақсадҳои фаъолияти худ вобаста медонад, зеро ташкилот талаботи сахтеро назди ӯ гузоштааст, ки ба озодии интихоб роҳ намедиҳад, зеро асоси онро норасоиҳои психологӣ, таъсироти манфии ҳаётӣ ташкил намуда буд.
Аз ин суханон ба натиҷае расидан мумкин аст, ки маҳз таъсири равонӣ омили тағйири андеша ва тасаввур мегардад. Ба ҳамин хотир, бо назардошти хатарҳои равонии терроризм руҳияи зидди онро аз наврасӣ ба вуҷуд овардан яке аз роҳҳои аслии муқовимат бо руҳияи ифротгарову даҳшатафкан мебошад.
Хуб аст, ки дар ҷомеаи аз ҳама шеваҳо, хусусан, аз василаи равонии муқовимат истифода мешавад, то ин хатарҳои ҷаҳонӣ пешгирӣ шаванд. Фикр мекунам, дар ин ҷода суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин мавзуъҳо беҳтарин дастур ба шумор мераванд, зеро дар онҳо моҳияти ин зуҳуроти хатарноки ҷаҳонӣ ва роҳу василаҳои мубориза бо онҳо пурра ифода ёфтаанд. Зикру тавзеҳу тафсири онҳо василаи муҳимми таъсиррасонии мусбати равонӣ ба руҳияи наврасону ҷавонон мебошад.
Хушдил РАҲИМҶОН,
номзади илмҳои филологӣ,
устоди факултети журналистикаи ДМТ
(бознашр аз ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”, №40 (9830), аз 5 октябри соли 2023)