Футболбозони дастаи мунтахаби Тоҷикистон соҳиби симкортҳо бо рақамҳои тиллоӣ гардиданд    

Навид

Футболбозони дастаи мунтахаби Тоҷикистон соҳиби симкортҳо бо рақамҳои тиллоӣ гардиданд    

Дар идораи  ширкати “МегаФон Тоҷикистон” бо футболбозони тими миллии Тоҷикистон вохӯрии дӯстона баргузор гардид.  Мавзӯи асосӣ ба муҳокимаи лоиҳаҳои оянда, ки барои дастгирии варзиш дар кишвар нигаронида шудаанд, вобаста буд.  Дар фарҷом  ба ҳамаи бозигарони фаъол ва сармураббии мунтахаби кишвар рақамҳои тиллоӣ бо хизматрасониҳои пардохтшудаи алоқа ҳамчун туҳфа тақдим карда   шуданд.   

Дастгирии соҳаи варзиш тӯли солҳои зиёд як ҷузъи муҳими сиёсати иҷтимоии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» маҳсуб меёбад. Шурӯъ  аз тобистони соли 2024, дар баробари имзошавии шартномаи ҳамкорӣ  байни  оператор ва  Федератсияи футболи Тоҷикистон,  корҳои мураттаб  оғоз гардиданд, ки ҳадафи онҳо роҳандозии лоиҳаҳои муштарак оид ба рушди футбол дар кишвар мебошад. Аввалин рӯйдоди бузург фестивали «МегаФон Football Day: бозӣ бо ситораҳо» буд, ки рӯзи 1-уми  сентябр ҳазорон меҳмононро дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии  Душанбе ба ҳам   овард.

Вохурии нав бо бозингарон ва мураббиён  имкон дод, ки дар  фазои  дӯстона лоиҳаҳои минбаъда  мавриди муҳокима қарор дода  шаванд.    Яке аз вазифахо таҳкими робитаи байни  футболбозон ва  мухлисон, махсусан ҷавонон, мебошад. Аллакай дар моҳи ноябр дар  толорҳои  алоқаи ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ҷамъомадҳои аксгириву соядастгузорӣ   баргузор мешаванд, ки дар онҳо  дӯстдорони варзиш метавонанд бо маҳбубони   худ акс гирифта, ба онҳо савол   диҳанд ва тӯбҳоро бо  имзои онҳо  туҳфа   гиранд.  «Ман боварӣ дорам, ки чунин мулоқот ба   ҷавонон  нерӯи варзишӣ  мебахшад ва дар қалби онҳо  орзуи пирӯзиву гузоштани рекордҳои шахсиро пайдо мекунад” – мегӯяд  Котиби  кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон Фурқат Аҳмадҷонов.

Ҳамчун рамзи  эҳтиром нисбати  варзишгароне, ки Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ мекунанд, ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ба бозигарон ва сармураббии тими миллӣ симкортҳоро бо  рақамҳои тиллоӣ туҳфа кард. Маблағи хизматрасониҳои алоқаи онҳо  пешпардохт шудааст ва онҳо  метавонанд  бо наздикон  муошират намоянд  ва аз дилхоҳ   гӯшаи дунё хушнудии пирӯзиҳои худро  расонанд.

«Барои ҳар як футболбоз дастгирии оила,  дӯстон  ва махсусан мухлисоне, ки ба фазои   бозӣ таъсир мерасонанд,   муҳим аст. Мо омодаем, ки тими миллии кишварро ҳарчи бештар дастгирӣ намоем. Орзу дорам, ки рақамҳои тиллоӣ ба рамзи тилло дар ҷоизаҳои ояндаи футболи тоҷик мубаддал гарданд!»  – дар ҷамъбасти  вохӯрии дӯстона иброз дошт директори раёсати  минтақавии ширкати «МегаФон Тоҷикистон»  дар  шаҳри Душанбе ва НТМ – Далер Наимов.