Фестивал –озумуни «Вассофи Ватан» дар гурӯҳи ширкатҳои «Вавилон» ҷамъбаст шуд
30 апрел дар бинои асосии гурӯҳи ширкатҳои «Вавилон» – ҷиҳати иҷрои мактуби Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри амалӣ намудани банди 27-и Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024”, чорабинни “Фестивал –озумуни “Корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ” дар мавзўи “Вассофи Ватан” баргузор гардид.
Дар озмун 13 нафар довталабон аз ҶДММ «Вавилон-Т» ва 9 нафар довталабон аз ҶСП «Вавилон-Мобайл» иштирок намуда, ба 60 саволи гузошта оид ба таърихи Тоҷикистон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосҳои қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи алоқаи барқӣ ва саволҳо доир ба соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ посух гуфтанд. Дар натиҷаи посухҳои дуруст 3 нафарӣ аз ҳарду ширкат ҷойҳои ифтихорӣ ва мукофотпулиро соҳиб шуданд.