Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар Бораи консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Амру фармонҳои Президент

Бо мақсади ташаккул ва рушди сиёсати давлати дар таъмини амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон  медиҳам:

  1. Консенсияи амнияти: иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
  2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати се моҳ:

— Барномаи таъмини амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва тасдиқ намояд;

— оид ба таъмини ташкиливу молиявии татбиқи Консепсияи мазкур тадбирҳои зарури андешад;

— қарорҳои худро ба Фармони мазкур мутобиқ созад.

  1. Назорати рафти иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                     Э. Раҳмонов

ш. Душанбе, 7 ноябри соли 2003

№ 1175

Бо Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 7 ноябри соли 2003

№ 1175 тасдиқ шудааст