Фаъолият

Натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти нимсолаи аввали кории Хадамоти алоқа дар соли 2015

Хадамоти  алоқаи назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи алоқаи барқӣ ва алоқаи почта, Низомнома дар бораи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо  қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳти № 252 аз 11.05.2011 с. тасдиқ гардидааст, фаъолият менамояд.

          Ҳаҷми хизматрасонии алоқа бо назардошти операторони хусусӣ пешакӣ дар шаш моҳи соли 2015  1234,2  миллион сомониро дар бар  мегирад, ки ин нишондиҳанда нисбати соли 2014-ум,  0,2% зиёд аст.

         Ҳаҷми хизматрасонии алоқа ба аҳоли 739 млн. сомониро дар бар мегирад.

         Хизматрасонии алоқа ба шахсони имтиёздор аз тарафи Оператори миллии алоқаи барқӣ ба маблаѓи  224,7 ҳазор сомонӣ расонида шудааст.

         Шумораи кормандони корхонаҳои  зерсохтори Хадамот 3364 нафар буда, музди меҳнати миёнаи онҳо бо имтиёзҳояш 820  сомониро ташкил менамояд.

         То 01.07 соли 2015 субъектҳои хоҷагидоре, ки барои фаъолият (ширкатҳо ва корхонаҳо) дар соҳаи алоқаи барқӣ иҷозатнома доранд, 134 ададро ташкил медиҳанд ва шумораи  иҷозатномаҳо 265 адад мебошад.

         Барои баррасӣ ариза ва дароз намудани мӯҳлати амали иҷозатнома тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ба буҷети давлат 8400 сомонӣ ворид карда шуд.

         Иҷозатҳои додашуда дар шашмоҳаи соли 2015 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 1830 адад мебошанд. Маблағҳои пардохтшудаба буҷети давлат 41126 сомониро ташкил медихад.

          Дар нимсолаи аввали соли 2015 ба ширкатҳо 8 сертификати мутобиқат дода шудааст, ва ба маблаги он 960 сомони ба бучет ворид шудааст.

         Тибқи талаботи банди 28 боби 58 Низомнома «Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» барои додани иҷозатнома аз ҳисоби даромади иҷозатномадор хироҷи 2,5 фоиза ба буҷети давлатӣ ситонида мешавад.

         Мувофиқи талаботи ҳамин Низомнома мӯҳлати пешниҳоди ҳисобот аз ҷониби иҷозатномадорон то санаи 10, моҳи якуми семоҳаи бадина муқаррар карда шуда, баъди пешниҳоди ҳисобот аз ҷониби Хадамоти алоқа ба иҷозатномадорон ҳисобнома фактура барои пардохти хироҷи зикршуда пешниҳод карда мешавад.

         Даромади иҷозатномадорон дар семоҳаи 1 соли 2015 маблағи 620008185 сомониро ташкил намуда, хироҷи зикршуда 15500204 сомониро ташкил менамояд, ки аз он мувофиқи варақаҳои пардохтии ба Хадамоти алоқа пешниҳодшуда 8759714 сомонии он ба буҷети давлатӣ пардохт шудааст. Боқимондаи маблағҳо ба миқдори 6740490 сомонӣ низ мувофиқи маълумоти шифоҳии иҷозатномадорон ба буҷети давлатӣ пардохт карда шуда, варақаи тасдиқкунандаи он ба Хадамоти алоқа пешниҳод мегардад.

         Барои фаъолият дар семоҳаи 2 соли 2015 айни ҳол ҳамагӣ якчанд иҷозатномадорон ҳисобот пешниҳод намудаанд, ки мувофиқи он даромади онҳо 19064127 сомониро ташкил намуда, хироҷи муқарраршуда маблағи 476603 сомониро ташкил дода, 506 сомонии он ба буҷети давлатӣ пардохт шудааст. Пешниҳодкунии ҳисобот барои  семоҳаи дуюм аз ҷониби иҷозатномадорон идома дошта, барои пардохти хироҷи зикршуда ҳисобнома фактураҳо омода ва супорида шуда истодаанд.

         Шумораи муштариёни алоқаи собит 0,41 млн. ададро ташкил менамояд.

Шумораи истифодабарандагони Интернет дар якҷоягӣ бо истифодабарандагони интернети мобилӣ  3,4 млн. нафар  муштариро дар бар гирифтааст.

         Ба ҳар 100 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ  4,0 адад дастгоҳи телефонии собит рост меояд.

         Ба ҳар 100 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ 75,3 адад дастгоҳи телефони мобилии фаъол рост меояд.

          Аз ҳар 100 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ 44,0 нафараш истифодабарандаи интернет мебошад.

          Даромади як адад телефони собит дар як моҳ ба 28сомонӣ баробар аст.

          Даромади як адад телефони мобилӣ дар якҷоягӣ бо истифодабарии интернет дар як моҳ ба 39 сомонӣ баробар мебошад.

Дар шаш моҳи соли ҷорӣҳашт санҷиши назоратии нақшавӣ оид ба риоя намудани  санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи алоқаи барқӣ дар шаҳри Душанбе гузаронида шудаанд ва як санҷиш дар ВМКБ гузаронида шудааст.

Дар нимсолаи аввали соли 2015 оиди фуруши симкортҳо дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои ваколатдор, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 66 бозрасии ҳуҷҷатгузорӣ карда, барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 9786 симкарта мусодира, 8440 сомони ҷарима карда шуда ба буҷаи давлат супорида шуд.

         Умуман ба буҷаи давлат барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи ҷаримавӣ 10640 сомонӣ ва ҳақи хироҷи истифодабарии иҷозатномавӣ бошад 115 сомониро ташкил медиҳад.

         Дар ин давра дар ҷумҳурӣ шумораи муштариёни алоқаи мобилӣ 11535711 (аз он ҷумла 6554713 адад фаъол) ададро ташкил медиҳад.

          Шумораи муштариёни алоқаи собит 408679 ададро ташкил менамояд.

Баҳри беҳтар намудани вазъи иҷтимоии коргарон ва нигоҳ доштани мутахассисони соҳа Хадамоти алоқа дар шаҳри Душанбе, мавзеъи Зарафшон ба сохтмони 3-адад хонаҳои баландошёнаи истиқоматӣ шурў намуда айни ҳол корҳои сохтмонӣ идома доранд. Инчунин дар Вилояти Бадахшон дар мавзеъи Авҷи ноҳияи Ишкошим  барои беҳтар намудани вазъи иҷтимоии ва истироҳати кормандони соҳаи алоқа сохтмони Осоишгоҳ давом дорад.

   Аз ҳисоби корхонаҳои зерсохтори Хадамоти алоқа дар донишгоҳҳои бурунмарзӣ 32 нафар ва дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон аз рўи ихтисоси соҳа 4 нафар донишҷў донишомўзӣ менамоянд.