«Еximbank»-и Корея дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Маркази логистикӣ бунёд менамояд
Бо мақсади аз наздик шинос шудан бо имкониятҳои сармоягузорӣ, мавқеи ҷойгиршавӣ ва шароити мавҷуда намояндагони Бонки содиротӣ ва воридотии Ҷумҳурии Корея «Eximbank» бо роҳбарият ва масъулини шаҳри Кӯлоб аз ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» боздид намуданд.Зимни боздид имконият фароҳам оварда шуд, ки меҳмонон аз рафти бунёди инфрасохтори минтақаи мазкур ва корхонаҳои саноатӣ аз наздик шинос гардида, дар идома оид ба имкониятҳои сармоягузорӣ, мавқеи ҷуғрофӣ, инфрасохтори нақлиётӣ ва дигар масъалаҳои марбута дар шакли рӯнамоӣ маълумоти муфассал пешниҳод намоянд.
Дар доираи сафари мазкур як қатор масъалаҳои барои тарафайн муҳим, бахусус бунёди Маркази логистикӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бо ҷалби сармояи Ҷумҳурии Корея ва истифодаи васеи имтиёзҳои мавҷуда мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифта, барои татбиқи амалии он ҳавасмандӣ зоҳир карда шуд.
Вобаста ба ин, тарафҳо барои тақвият ва густариши ҳамкорӣ дар самти ҷалби бештари сармояи хориҷӣ, татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок, бахусус маркази логистикӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бо ҷалби сармояи Ҷумҳурии Корея ва сафарбар намудани мушовирон ва коршиносони соҳа аз ин давлат ба мувофиқа расиданд.