ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ТАҲКИМБАХШИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Навид Ташаббусҳои Тоҷикистон

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ТАҲКИМБАХШИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҳама рӯйдоди бузурги мо- ин бунёди НБО «Роғун» буд, ки аксариятро ба ҳайрат оварда буд. Имрӯз аллакай ду агрегати он ба истифода дода шудааст, ки ин муваффақияти таърихии миллати тоҷик мебошад. Дар бунёди ин кохи бузурги нур нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят бузург аст. Сарвари давлат аз рӯзҳои аввали бунёди ин иншооти аср иброз дошта буданд, ки «бо нохунҳои дастамон нақб меканем ва Роғунро месозем». Ин гуфта имрӯз ба воқеияти таърихӣ табдил ёфта истода, мо анқариб ин неругоҳи бузургро пурра ба истифода медиҳем.

Дар зер андешаҳои Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Бахтиёр Маҳмадалӣ бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзури хонандагон гардонида мешаванд. 

— Мусаллам аст, ки ҳар халқу миллат бе паноҳгоҳи сиёсӣ ва давлати миллӣ дар арсаи байналмилалӣ худро ҳамчун миллати комил ва соҳибмақом муаррифӣ намуда наметавонад. Ҳамон гуна, ки имрӯз халқияти зиёде ҳастанд, ки дар ҷаҳони муосир на давлат доранд, на обрӯву мақом ва ин як мушкили аслӣ аст. Миллати бе давлат  миллати сағир ва беовозу кӯтоҳумр аст. Миллати бе давлат арзишҳояшро ҳимоя намуда наметавонад ва зуд аз байн меравад ва ё зери фарҳанги бегона таслим мешавад. Чунки давлат ва қудрати идорӣ метавонанд миллатро бақо бахшанд ва тамоми арзишҳоро ҳифз намоянд ва ҳамин аст, ки миллатҳои соҳибдавлат ҳам фарҳангу забони хешро ҳимоя намудаанд ва ҳам ҳофизаи таърихии худро зинда нигоҳ доштаанд, ки ин нишони тавоноӣ, сарбаландӣ ва қудрат аст. Мустақил ва соҳибдавлат будани ҳар халқу миллат-  ин нишони қудрати воло ва ваҳдати комили он ҷомеа мебошад. Миллати соҳибдавлат миллати бузург ва қавӣ мебошад. Зиёда аз 90 фисади халқу миллатҳо имрӯз дар ҷаҳон давлати миллии худро надоранд ва ба онҳо хатари нестшавии фарҳангу забон таҳдид менамояд. Миллати соҳибдавлат аз қавми кӯчманчӣ ва оворагард бо доштани арзишҳои бузурги давлатдорӣ фарқ менамояд.

Мояи хушнудӣ ва саодатмандиву сарбаландии миллати тоҷик аст, ки соли 1991 давлати тоҷикон — Тоҷикистони азиз соҳибистиқлол гардид ва шуруъ аз ҳамон рӯз ба зиндагии мардуми мо нафаси тоза ворид шуд.

Ҳоло Тоҷикистон аз мамлакати рӯ ба рушд ба давлати тараққиёфта табдил ёфтааст, ки ин бурди бузург ва муваффақияти хеле назаррас мебошад. Дар фурсати кӯтоҳе мо ба даствовардҳои беназир ва бузург ноил гардидем, ки дар он саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр ҳам бузург мебошад. Маҳз Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки миллатро аз парокандагӣ наҷот дода, ҷомеаро ба ҳам оварданд ва арзишҳои фарҳангиву миллии моро ҳифз намуданд, ки ин кори саҳлу сода нест. Талошҳои Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими истиқлолият ва муаррифии қудрати миллат дар арсаи ҷаҳонӣ басе бузург ҳастанд ва ҳамин аст, ки аксарият ин муваффақияти тоҷикон ва ҷонфидоии Сарвари маҳбуби ҷумҳуриро тавсиф менамоянд. Ба заҳмату талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳониён баҳои баланд додаанд. Ҳамон гуна, ки яке аз собиқ сарварони  Амрико гуфтааст: «Эмомалӣ Раҳмон дар як давраи барои давлаташ бениҳоят мураккаб инони давлатро ба даст гирифт. Аммо ӯ тавонист дар давраи кӯтоҳ сулҳро дар мамлакат барқарор созад ва ба арсаи байналмилалӣ ворид шавад. Чунин сиёсатмадорон ангуштшумор ҳастанд».

Воқеан ҳам ин як ҳақиқати бебаҳс аст. Ва миллати тоҷик ин хизматҳо ва ҷонфидоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳаргиз фаромӯш намесозад.

Имрӯз миллати сарбаланди тоҷик саодатмандона зиндагӣ дорад, аз мушкилоти зиёди дохиливу хориҷӣ вораҳида, ба масири нав қадам мезанад, ки ин аз бузургии миллати тоҷик ва талошу ҷонфидоии Қаҳрамони миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  мебошад.

Маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ ҷумҳурии азизамон- Тоҷикистон аз бунбасти комунникатсионӣ баромад ва зиндагии мардум низ назар ба солҳои қабл садҳо маротиба беҳтар гардид. Истиқлолият ихтиёрро ба дасти миллат дод, то дар давлатсозӣ ва давлатдорӣ мустақил бошаду тамоми мушкилоту норасоиҳоро мустақилона бартараф созад ва хушбахтона, зери сарварии Пешвои маҳбуби миллат ин масъала ҳалли худро ёфт ва миллати тоҷик ба орзуи ҳазорсолаи хеш расид.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар мамлакат ду нақби бузург сохта шуд, ки марказҳои маъмуриро бо ҳам пайвастанд. Бо ин мушкилии шаҳрвандон, ки дар фасли сармо аз рафтуомад ба марказ ҷудо буданд, ҳал гардид ва роҳ барояшон кушода шуд. Имрӯз ин  нақбҳо дар тамоми фасли сол дар хидмати мардум мебошанд. Ҳамчунин дар даврони истиқлолият чандин неругоҳҳои барқи обии хурду бузург сохта шуданд, ки ин ҳам барои миллати нав аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ баромада осон набуд. Махсусан ба истифода додани НБО «Сангтӯда -1», «Сангтӯда-2» ва таъмиру таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Норак»  дар давраи соҳибистиқлолӣ шаҳодати ин гуфтаҳо мебошанд.

Имрӯз давлати Тоҷикистон мустақилона мушкилоти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии хешро ҳал менамояд ва дар ин самт ба дастовардҳои бузург ноил гардидааст. Зимни ироаи Паёми навбатӣ 23 декабри соли 2022 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳтар намудани некуаҳволии мардум ва паст намудани сатҳи камбизоатӣ чунин дастур доданд: «…ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки ҷиҳати аз 1 июли соли 2023 то соли 2025 ҳар сол зиёд намудани андозаи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ барои оилаҳои камбизоат, яъне аз 512 сомонии амалкунанда то 836 сомонӣ ва иловатан барои ҳар кӯдаки оилаҳои мазкур мутобиқан ба ин давра аз 34 сомонӣ то 152 сомонӣ ҷудо кардани маблағҳо чораҷӯӣ намояд».

Ҷиҳати соҳибмаълумот гардидан, саводу дониш омӯхтан ва босавод гардидани насли наврас ва ҷавон ҳамасола давлат ғамхорӣ зоҳир менамояд ва садҳо иншооти таълимӣ бунёд менамояд, то насли наврас аз таълиму тарбия дур намонад ва ҳамасола зиёда аз 19 фисади буҷаи давлат ба соҳаи маориф равона мешавад, ки ин маблағи андак нест. Махсусан дар замони соҳибистиқлолӣ ба соҳаи илму маориф таваҷҷуҳи бештар зоҳир шуд ва имрӯз дастовардҳои назаррас ба чашм мерасанд.

Бо мақсади рушд додани илму дониш ва баланд бардоштани маърифати насли ҷавон ва дарёфти истеъдодҳои нав дар ҷумҳурӣ бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд озмунҳо, ба мисли «Фурӯғи субҳи донӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифат» , «Тоҷикистон- Ватани азизи ман» ва ғайра амалӣ шуданд, ки аллакай ҳаводорони зиёде доранд. Ва ин барои ояндаи дурахшони насли ҷавон хеле муҳим мебошад.

Аз ҷониби дигар, дар ин қатор ҷиҳати баланд бардоштани хештаншиносӣ ва ҳисси миллии насли ҷавон Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон оинаи таърихи миллат» гузаронида шуда истодааст, ки ин хеле муҳим мебошад. Дар ҳақиқат дар бедор намудани ҳисси миллӣ ва ҳувияти миллии насли ҷавон саҳми китоби  «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров бисёр ҳам бузург аст.

Маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳазорон иншоот дар ҷумҳурӣ сохта шуда, садҳо корхонаҳои хурду бузург дар мамлакат бунёд гардиданд, ки ин ҳам дастоварди бузурги даврони соҳибистиқлолӣ ва неъмати бузург барои миллат мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш ҷиҳати ҳифзу ҳимояи меҳан, ободиву созандагӣ ва иттиҳоди умумӣ чунин ибрози ақида намуда буданд: «Мардуми қавиирода ва бонангу номуси Тоҷикистони маҳбубамонро даъват менамоям, ки Ватани азизи худро сидқан ва мисли ҷони хеш дӯст доред, шукронаи ин обу хоки муқаддасро ба ҷо оваред, барои ҳимояи он аз ҳама гуна таҳдидҳои ҷаҳони муосир омода бошед ва ба хотири ободиву сарсабзии ин диёри биҳиштосо даҳчанд саъю талош намоед».

Дар ҳақиқат миллати тоҷик метавонад дар сарҷамъӣ ва муттаҳидӣ ба тамоми орзуҳои неки худ бирасад ва як олами пур аз саодат бисозад, ки назираш дар ҷаҳон набошад ва барои ин бояд хеле ватандӯст, самимӣ ва содиқ буд.

Насли ҷавон бояд ба арзишҳои миллӣ содиқ бошанд, онро ҳифз намоянд, ба забону фарҳанг арҷ гузоранд ва барои ҳифзи номуси тоҷикият талош кунанд, донишҳои замони муосирро аз худ карда, ҳомии воқеии Ватани хеш бошанд. Истиқлолият барои ҳар фарди ин Ватан чунин имкониятро медиҳад ва ин бахту саодати миллат аст.

Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон низ зодаи даврони истиқлолият буда, дар амалӣ намудани ҳадафи чаҳоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат саҳми арзанда мегузорад.

Бахтиёр МАҲМАДАЛӢ,
Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон,
 профессор, доктори илмҳои иқтисодӣ