Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар кори маҷлис нахуст Дар бораи амалигардонии қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ҳисоботи раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода шунида шуд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор намуд, ки Кумитаи тадорукот оид ба амалигардонии қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ҷиҳати амалисозии Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии ибтикороти панҷуми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон шудани “Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” дар муҳлатҳои муқарраргардида тадбирҳои амалӣ андешад.
Сипас, лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Парки технологӣ”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ихтироъ”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳаракат дар роҳ”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бехатарӣ аз сӯхтор” ва Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, баррасӣ гардида, барои муҳокима ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.
Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор масъалаҳои дигар, аз қабили Дар бораи Барномаи давлатии рушди илмию инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дар бораи Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2023-2027, Дар бораи Барномаи миёнамуҳлати рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 ва Дар бораи Барномаи миёнамуҳлати тайёр кардани кадрҳои касбии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои солҳои 2023-2027 баррасӣ гардиданд.
Баъди баррасии масъалаҳои маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иҷрои саривақтию босифати масъалаҳои маҷлиси навбатӣ ва супоришҳои қаблии Ҳукумати мамлакат дастурҳо доданд.
Супоришҳои дигар ба Ҳукумати мамлакат ва сохторҳои давлатӣ оид ба омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024, захираи маводи сӯзишворӣ, кабудизоркунӣ, беҳдошти муҳити зист, истифодаи самараноки заминҳои кишт, захираи кофии маҳсулоти кишоварзӣ, истиқболи сазовори ҷашни муқаддаси Истиқлолият дар саросари кишвар, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дигар тадбирҳои бунёдкорӣ дода шуд.