Дастурамали истифодаи бехатари ҳамёни мобилӣ
Дар “Ҳамён”-и замимаи “МегаФон life” 540 хизматрасониҳои молиявӣ барои ҳама ҳолатҳои ҳаёт муттаҳид карда шудаанд. Лекин ҳангоми истифодаи Super App-и маъруфтарини Тоҷикистон бехатариро сарфи назар набояд кард. Бо назардошти он, ки дар кишвар ҳолатҳои қаллобии мобилӣ хеле зиёд шудаанд, махсусан муҳим аст. Қоидаҳои рафтори мобилиро такрор мекунем!
Маълумотро пинҳон нигоҳ доред
Таҷрибаи бонкҳо ва ширкатҳои телекоммуникатсионӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки маҳз беэҳтиётии худи мизоҷ баъзан роҳи қаллобонро ба маълумоти шахсӣ ё маблағҳои ӯ осон менамояд. Яъне чӣ ҳодиса ба амал меояд? Қаллобон аз рақамҳои гуногун, тоҷикӣ ё хориҷӣ занг мезананд, худро ҳамчун намояндагони бонкҳо ё операторони мобилӣ муаррифӣ карда, ҳаракат мекунанд, ки ба маълумоти махфӣ – рамзҳои кортҳои бонкӣ ва ҳамёнҳои мобилӣ дастрасӣ пайдо намоянд.
Боэҳтиёт бошед! Ҳеҷ гоҳ паролу рамзҳои худ аз SMS ё ПИН-рамзи “Ҳамён”-и замимаи “МегаФон Life” ба касе нагӯед. Агар ба Шумо бо дархостҳои шабҳанок занг зананд, дарҳол сӯҳбатро қатъ кунед. Дар назар дошта бошед, ки намояндагони бонкҳо ва операторони алоқа ҳеҷ гоҳ бо ин гуна масъалаҳо занг намезананд. Агар гумон дошта бошед, ки ба доми қаллобон афтидед, фавран ба хадамоти дастгирии бонки худ муроҷиат кунед.
Амалҳои манъшударо бо дарки дуруст қабул намоед
Таҳиякунандагони замимаҳо худ кӯшиш мекунанд, ки истифодабарандагонро аз хавфҳо ҳифз намоянд. Маҳз барои ҳамин паролҳо ва рамзҳо лозим меоянд. Аз зарурати гоҳ-гоҳ ворид кардани онҳо ва анҷом додани амалҳои нисбатан мураккаб оташин нашавед, ҳамаи ин ба манфиати Шумост.
Ҳамин тариқ, агар истифодабарандаи мушаххасшуда замимаро дар дастгоҳи худ аз нав ба кор дароварда бошад ё хоҳад, ки “Ҳамён”-и “МегаФон Life”-ро дар телефони нави худ кушояд, ӯро зарур меояд, ки аз мушаххаскунӣ ва бақайдгирии такрорӣ гузарад. Барои ин мизоҷ бояд ба шарики ширкати “МегаФон Тоҷикистон” – ҶСП ТАҚХ “Ҳумо” бо рақами 544 тамос гирад. Корманди маркази тамос дар суҳбати телефонӣ шахсияти истифодабарандаро месанҷад ва ҳангоми бомуваффақона анҷом ёфтани мушаххаснамоӣ дастрасиро ба “Ҳамён” пешниҳод менамояд. Ҳамагӣ якчанд дақиқа меравад, лекин бар ивази ин ягон каси бегона ба маблағҳои Шумо намерасад.
Якчанд сатҳҳои ҳимояро истифода баред
Ҳар қадаре монеаҳо зиёд бошанд, ҳамон қадар кори ҷинояткорон душвор мешавад. Барои оғози кор бо смартфон пароли графикӣ гузоред. Инчунин ба ҳама, махсусан ба соҳибони дастгоҳҳои дорои СО Android тавсия дода мешавад, ки барномаҳои санҷидашудаи зиддивирусиро ба кор дароранд, то ки барномаҳои зараррасон ба дастгоҳи Шумо тариқи ягон сомона ё портали шубҳанок ворид шуда натавонанд. Дар замимаи “МегаФон Life” бошад, метавонед функсияи шинохтани симо ё изи ангуштро ба кор баред. Барои ин дар экрани асосӣ “Боз ҳам”-ро пахш карда, “Бехатарӣ”-ро интихоб намоед, сипас сатри “Бақайдгирии биометрӣ”-ро фаъол сохта аз рӯи дастур амал кунед. Ва дар хотир доред, ки таҷрибаҳои хуби бехатарӣ инчунин истифодаи паролҳои мураккаб, аутентификатсияи серомила ва ҳифзи маълумоти истифодабарандагонро дар бар мегиранд.
Замимаи худро мунтазам нав кунед
Ин чора на танҳо дастрасиро ба функсияҳои нав фароҳам меорад, балки инчунин имкон медиҳад, ки ҷиҳатҳои сусти бехатарӣ, ки ошкор гардидаанд, бартараф карда шаванд. Дар омади гап, худи замима ва намунаҳои минбаъдаи навшудаи онро аз манбаъҳои санҷидашуда боргирӣ намоед! Масалан, аз ин ҷо.
Ҳамаи он чизеро, ки дар замима ба амал меояд, таҳти назорат гиред
Барои пайгирии фаъолнокии шубҳанок дар қисми “Боз ҳам” банди “Дастгоҳҳо” мавҷуд мебошад. Дар он рӯйхати дастгоҳҳое, ки истифодабарандагон тавассути онҳо вориди профили худ мешаванд, инъикос меёбад. Миқдори онҳо якчанд-то буда метавонад. Лекин ҳамин ки дар рӯйхат дастгоҳи бегонаро дидед – дарҳол хориҷаш кунед!
Қоидаҳои оддии бехатариро фаромӯш насозед, ба қаллобон имконияти пайдокунии паролу ПИН-рамзҳоятонро надиҳед – ва тамоми имкониятҳои “Ҳамён”-ро дар “МегаФон Life” истифода баред!