Дарки назокатҳои техникӣ – ҷузъи муҳими фарҳанги интернетӣ
Рӯйи кор омадани дастгоҳҳои навини технологӣ доираи фарҳанги интернетиро васеъ ва баҳрабардорӣ аз онро оммавитар кард. Замоне дастрасӣ ба интернет танҳо ба воситаи компютер имкон дошт, имрӯз тавассути телефони мобилию планшет, ҳатто телевизорҳои ҳушманд низ дастрасӣ ба он имкон дорад. Ин ба он маъност, ки ҷанбаи техникии Интернет хеле барҷаставу печида гардида, ин раванд бо суръат ташаккул меёбад. Беҳуда нест, ки Интернетро ба тори анкабут ташбеҳ доданд ва ҷаҳонгустар номидани он худ баёнгари он аст, ки аз ҳар лиҳоз Интернет густариш меёбад.
Аз ин рӯ, дарки назокатҳои техникии Интернет ба ҷузъи муҳими фарҳанги интернетӣ мубаддал шудааст. Таҷриба нишон медиҳад, ки дарки нодуруст аз ҷанбаҳои техникии истифодаи Интернет метавонад, боиси қонуншиканиҳо, вобасташавӣ, таъсири манфӣ ба саломатии инсон, мушкилот дар дастрасӣ ба Интернет ва амсоли инҳо гардад. Яке аз хусусиятҳои ҷолиби Интернет ба фарқ аз дигар воситаи пахши иттилоот дар он аст, ки ҳар корбар метавонад ҳам истеҳсолкунанда ва ҳам истеъмолгар бошад.
Таҳқиқотҳо доир ба корбарони интернет нишон додааст, ки бештари корбарони тоҷик аз синни 15 то 45 сола ҳастанд. Фарҳанги техникӣ ва корбарии технологияҳои иртиботӣ низ сол аз сол дар миёни ҷавонон боло меравад. Ин падида боис мегардад, ки сатҳи баҳрабардории муфид аз ин шабакаи глобалиро афзун мегардонад. Бешак, маъмулияти зудҳангому бемайлони Интернет дар ҷомеаи Тоҷикистон бегумон талаботро ба мондернизатсияи соҳаи алоқа, васеъ кардани ҷуғрофияи пӯшиши радиоӣ ва боло бурдани сифати хизматрасониҳо ва монанди инҳо бештар мекунад. Дар ин хусус Хадамоти алоқа худро масъул медонад, вале дар чанд маврид корбарон бо риояи баъзе қоидаҳои техникӣ дастрасии худро ба Интернет беҳтар гардонида метавонанд. Ба ин мавридҳо дар поён ишора мекунем. Дар нахуст доир ба раванди ислоҳоти соҳа руҷуи кутоҳе хоҳем дошт.
Шаҳрвандон бояд дарк намоянд, ки бо афзоиши талабот ба Интернет, пайваста такмил ёфтани технологияи таъмини алоқаи барқӣ ва ба вуҷуд омадани стандартҳои нави алоқа сарбории корҳои техникии масъулини соҳаро бештар намуда, сарфи маблағҳои ҳангуфтро талаб менамояд. Бо вуҷуди ин, зимни боло бурдани иқтидор ва зарфияти техникии истгоҳҳои базавии алоқа, суръати дастрасӣ ба шабакаи интернетро на камтар аз 30-32Мб/с барои ҳар як истифодабаранда таъмин гардид. Зарфият ва ғунҷоиши техникии каналҳои берунаи дастрасӣ ба интернет бо иловаи каналҳои эҳтиётӣ ба андозаи 400Гб/с густариш дода шуданд.
Дар умум дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 15782 адад стансияҳои базавӣ фаъолият дорад, ки дар доираи ислоҳоти соҳа ҳамаи онҳо таҷдиду навсозӣ хоҳанд гардид.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки талабот ба алоқаи мобилӣ, ба хусус интернет дар солҳои ахир ба маротиб зиёд шуда, дар баробари ин технологияи дастрасӣ ба интернет ҳам тағйир ёфт. Гуфтанист, ки ба далели ҷуғрофияи кӯҳистонии мамлакат дар муқоиса бо тамоми кишварҳои ҳамсоя дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини пушиши радиоии алоқа мушкилтар буда, сарфи маблағи зиёдро талаб мекунад. Барои таҷдиду навсозии як истгоҳи базавии алоқа чандин ҳазор доллар масраф мешавад. Ба ин нигоҳ накарда бо дастгириҳои Ҳукумати мамлакат Хадамоти алоқа дар ҳамкорӣ бо операторони мобилӣ самти ислоҳоти соҳаро ҷиддан идома медиҳад.
Хадамоти алоқа бо тамоми масъулият иброз медорад, ки дар се соли ахир таваҷҷуҳи асосӣ ба минтақаҳо нигаронида шудааст. Дар ин муддат сифати алоқаи мобилӣ дар аксари минтақаҳои дурдаст беҳтар гардонида шуд.
Бояд зикр кард, ки дар воқеъ, аксари муроҷиатҳо ҷиҳати рушд ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии алоқаи мобилӣ ва суръати интернет дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ буда, вобаста ба ҳалли мушкилоти ҷойдошта аз ҷониби мутахассисони ботаҷрибаи Хадамоти алоқа ва ширкатҳои мобилӣ корҳои ченкунӣ ва насби пойгоҳҳои базавии иловагӣ гузаронида шуда, айни замон фаъолият дар самти рушди шабакаҳо идома дорад. Дар ин зимн, тадриҷан муроҷиатҳо аз минтақаҳо камтар мешавад, ки далели зина ба зина бартараф шудани мушкилоти дастрасӣ ба Интернет аст.
Дар Хадамоти алоқа ва зерсохторҳои он марказҳои тамос барои ҳалли масъалаҳои техникӣ ва дархостҳои марбут ба соҳаи алоқаи барқӣ фаъолият менамояд (тел. 2210009, 7070, 8080, 500 ва ғайра).
Бояд қайд кард, ки Хадамоти алоқа дар доираи ваколатҳои худ риоя ва иҷрои талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ»-ро амалӣ намуда, муроҷиатҳои ба унвонии Хадамот воридшударо пурра, ҳамаҷониба, холисона ва дар муҳлати муқарраргардида баррасӣ намуда, барои бартараф намудани камбудиҳо ва ҳалли мушкилот тамоми саъю кӯшишро ба харҷ дода истодааст.
Зимнан ба муштариён тавсия дода мешавад, ки дар сурати пайдо шудани мушкил дар дастрасӣ ба интернет аз симкорти як ширкат аз симкорти дигар ширкат истифода намоянд. Аз назари иқтисодию иҷтимоӣ ин масъала боиси дарк аст, аммо воқеан ин проблема ҷой дорад, ки дар баъзе аз минтақаҳо мавҷи ширкатҳои мобилӣ яксон нест. Бо мақсади бартараф кардани он дар солҳои ахир ҳангоми таҷдиду навсозии истгоҳҳои базавии алоқа Хадамоти алоқа тасмим гирифтааст, ки мавҷпаҳнкунандаҳои тамоми ширкатҳои мобилиро бо иқтидори ҳамсон насб намоянд. Ин амал бо ҳадафи имконияти баробар фароҳам овардан ба операторони мобилӣ ва дастрасии корбарони алоқаи мобилӣ мебошад.
Дар охир, масъалаи дигаре, ки корбарони Интернет бояд таваҷҷуҳ дошта бошанд, танзими техникии дурусти телефонҳои ҳамроҳашон аст. Масалан, агар шумо дар минтақае қарор доред, ки алоқаи стандарти 4G фаъол нест, пас, шуморо лозим, то дар телефони ҳамроҳи худ стандарти 3G-ро интихоб намоем. Дар ин сурат шумо дастрасии шумо ба Интернет таъмин хоҳад шуд.