Дар Тоҷикистон барои баланд кардани суръати интернет пойгоҳҳои заминавӣ насб карда мешаванд
Хадамоти алоқаи мамлакат бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми солона ба Маҷлиси Олӣ ҷиҳати беҳтаргардонии хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва дастрас гардонидани интернети баландсуръат дода буданд, шумораи маҷмӯи истгоҳҳои барқии базавӣ, яъне пойгоҳҳои базавиро дар ҷумҳурӣ зиёд менамояд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Атоев ибрози назар намуд.
Ба гуфтаи Илҳомҷон Атоев, тибқи нақшаи тасдиқгардида айни замон пойгоҳҳои зикршуда ба мамлакат ворид карда шуда истодаанд. Инчунин марҳилаи якуми насби онҳо, ки корҳои санҷишӣ- техникӣ, аниқ намудани ҷойи иловагии насби онҳоро дар бар мегирад, дар шаҳри Душанбе муайян карда мешавад.
Номбурда дар мавриди паст намудани нархи интернет ба хабарнигорон иброз дошт, ки дар ин самт корҳои иқтисодӣ ва технологӣ бо вазорату идораҳои марбутаи мамлакат ба роҳ монда шуда, рӯзҳои наздик амалӣ карда мешаванд. Албатта, баъд аз корбарӣ нархи интернет паст мегардад.
Тазаккур дода шуд, ки соли 2022 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои насби истгоҳҳои базавии ширкатҳои алоқаи мобилӣ 736 ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дода шудааст.
Дар ҷумҳурӣ шумораи муштариёни умумии алоқаи мобилӣ қариб 8,3 миллионро ташкил медиҳад, аз ҷумла 6,4 миллион нафари онҳо фаъол мебошанд.
Бознашр аз АМИТ «Ховар»