Дар стансияи автомобилҳои Хуҷанд толори фирмавии алоқа кушода шуд
Аввалин оператори имкониятҳои нави рақамӣ дар яке аз ҷойҳои серодами шаҳри Хуҷанд – стансияи автомобилҳои воқеъ дар оғози шоҳроҳи Хуҷанд-Ғафуров толори фирмавӣ ифтитоҳ кард. Толор барои меҳмонон ва онҳое, ки ба Исфара ё Конибодом сафар мекунанд, қулай аст. Аввалин муштарие, ки дар нуқтаи нави савдо ба шабакаи “МегаФон Тоҷикистон” пайваст шуд, гӯшмонакҳои бесимро чун тӯҳфа қабул намуд.
Мушовирони ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар ҳалли ҳама гуна мушкилоти мобилӣ, аз интихоби тарофаи мувофиқ то танзими интернети босуръати мобилӣ кӯмак мекунанд. Дар толор инчунин метавон лавозимот, аз ҷумла дастгоҳи нерӯдиҳанда, гӯшмонакҳо, чехолҳо, адаптерҳо ва флеш-кортҳоро дастрас намуд.
Як қатор хизматрасониҳо на танҳо барои муштариёни оператор, балки барои ҳамаи сокинони кишвар дастрасанд. Масалан, хизматрасонии “Cash Out” имкон медиҳад, ки дар толорҳои алоқаи “МегаФон Тоҷикистон” маблағи корти бонкӣ нақд карда шавад – барои ин Шуморо танҳо зарур аст, ки бо худ шиноснома дошта бошед. Ба ғайр аз ин, ҳамаи хоҳишмандон метавонанд замимаи мобилии МегаФон Life-ро боргирӣ намуда, истифода баранд. Мушовирони толор доир ба он, ки чӣ тавр метавон бо ёрии “Ҳамён”-и замима чиптаҳои ҳавопаймову кинотеатрро дастрас намуд, автомобилро суғурта кард, интиқоли пулиро анҷом дод ё маблағи хизматрасониҳои ХМК-ро пардохт намуд, маълумоти муфассал хоҳанд дод.
“Шабакаи чаканаи мо – хизматрасонии босифатест, ки дар ҷойҳои қулайтарин дастрас мебошад. Толори нав комилан ба ин принсип мувофиқат мекунад: акнун ҳар нафаре, ки дар шоҳроҳи Хуҷанд-Ғафуров сафар дорад, метавонад оид ба хизматрасониҳои рақамӣ маслиҳат гирад», – мегӯяд Раҳматҷон Раҳматов, директори Раёсати минтақавии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар вилояти Суғд.
Толор дар стансияи автомобилҳои «Хуҷанд» 91-ум нуқтаи хизматрасонии оператор дар вилояти Суғд маҳсуб меёбад. Суроғаи наздиктарин толори фирмавиро дар сомонаи ширкат пайдо кардан мумкин аст.