Дар кадом маконҳои ҷамъиятии пойтахт метавон аз WiFi-и ройгон истифода намуд?
Баҳри татбиқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 15 ноябри соли 2019 №716 «Дар бораи тасдиқи тартиби ба роҳ мондани кори шабакаҳои иттилоотӣ – телекоммуникатсионии Интернет аз рӯи технологияи WiFi дар ҳудуди шаҳри Душанбе» ширкатҳои мобилӣ дар ҳамкорӣ бо КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» дар аксар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз қабили ҳудуди боғҳо ва иншоотҳои дигари шаҳри Душанбе WiFi-и ройгон насб намудаанд.
Барои маълумоти сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе дар зер маконҳои умумии бо WiFi-и ройгон таъминшударо аз ҷониби Ширкатҳои “Вавилон-Т” ва “МегаФон Тоҷикистон” меорем.
Ширкати “Вавилон-Т”:
• МД “Наврӯзгоҳ”;
• МД Боғи “Нишони давлатӣ”;
• МД Боғи “Парчами миллӣ”;
• Гулгашти назди Иттифоқи нависандагон;
• КВД “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе”;
• Фурӯшгоҳи “Душанбе Мол (Ашан);
Ширкати “МегаФон Тоҷикистон”:
• МД «Боғи устод Рӯдакӣ»;
• МД Маҷмааи “Истиқлол”;
• МД Боғи фарҳангию фароғатии ба номи устод Садриддин Айнӣ;
• МД Боғи “Куруши Кабир”;
• МД Боғи фарҳангу фароғати ба номи Абулқосими Фирдавсӣ
• МД Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Ҷавонон»;