Дар Хуҷанд мутахассисони алоқаро омода карданд

Навид Хабарҳои Хадамот

Дар Хуҷанд мутахассисони алоқаро омода карданд

Имсол 131 хатмкунандаи факултети телекоммуникатсияҳои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон соҳиби диплом ва маълумоти олӣ гардиданд. Меҳмонони вижаи маросими супоридани ҳуҷҷатҳои ниҳоӣ намояндагони ширкати «МегаФон Тоҷикистон» буданд.

Аввалин оператори имкониятҳои нави рақамӣ соли дуюм аст, ки ба ҳайси шарики расмии ДДҲБСТ баромад менамояд. Пас аз имзои як ёддошти ҳамкорӣ ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар донишгоҳ озмоишгоҳи инноватсиониро ифтитоҳ намуд, ки дар он донишҷӯён технологияҳои навтарини рақамиро дар амал меомӯзанд. Ҳоло таҷҳизоти лабораторӣ дар раванди таълим дар соҳаҳои технологияҳои иттилоотӣ, телекоммуникатсияҳо, системаҳои автоматикунонӣ ва веб-дизайн истифода мешаванд.

Илова бар ин, ширкати «МегаФон Тоҷикистон» таҷрибаомӯзиро бо дурнамои шуғли минбаъдаи донишҷӯёни беҳтарин дар ширкат ташкил менамояд. Иштироки шариконаи оператор ба донишгоҳи пешқадами Хуҷанд дар омода кардани мутахассисони баландихтисос, ки ба мушкилоти самти муосири телекоммуникатсионӣ омода мебошанд, кӯмак мерасонад.

«Ба хатмкунандагон аз самими қалб орзу менамоям, ки ҳамеша ба навовариҳое, ки дар касби мо пайдо мешаванд, таваҷҷуҳ дошта бошанд ва ҳеҷ гоҳ дар як нуқта наистанд. Боварӣ дорам, ки устодон ва мо ҳамчун шарикони донишгоҳ тавонистем, ки Шуморо маҳз ба ин роҳ, роҳи комёбиҳои шоиста ҳидоят созем”, – гуфт дар маросими супурдани дипломҳо, директори раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Суғд Раҳматҷон Раҳматов.