Чат-боти Доно доир ба кор бо муроҷиатҳои муштариён маълумот медиҳад
Дар замимаи мобилии “МегаФон Life” ва Telegram имконияти фавран ба даст овардани маълумот оид ба сатҳи баррасии дархостҳои муштариён пайдо шуд. Дар ин бора чат-боти Доно маълумот медиҳад.
Ҳаррӯза садҳо муштариён ба ширкати “МегаФон Тоҷикистон” бо масъалаҳои марбут ба фаъолияти телеком-хизматрасониҳо, хоҳиши санҷидани сифати алоқа ё баргардонидани пардохте, ки иштибоҳан ба рақами нодурусти мобилӣ гузаронида шудааст, муроҷиат менамоянд. Ҳар як дархост ҳаматарафа баррасӣ ва ба қайд гирифта мешавад ва муштарӣ дар ин бора SMS-паёмак ба даст меорад. Лекин акнун маълумот оид ба ҳолати дархост нисбатан пурра гардида, зудтар расонида мешавад. Барои дастрас кардани он чат-боти Доно, ки ба муштариён дар телеграм-шабакаи @megafon_dono_bot ва замимаи мобилии “МегаФон Life” хизмат мерасонад, кӯмак хоҳад кард.
Дар “МегаФон Life” зарур меояд, ки ба қисми “Мушовир” гузашта, сипас тугмаи “Ҳолати дархостҳои Шумо”-ро пахш намоед. Он дар ҳолате инъикос меёбад, ки агар муштарӣ дар давоми 30 рӯзи охир ба ширкат муроҷиат карда бошад.
Дар шабакаи телеграм роҳ чунин аст: “Меню” – “Хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ” – “Дархостҳои Шумо дар давоми 30 рӯзи охир”.
Доно чунин маълумотро пешниҳод мекунад: санаи бақайдгирӣ ва ID-и дархост, ҳолати он: “Мавриди баррасии шуъбаи соҳавӣ қарор дорад”, “Аз ҷониби мутахассисони техникӣ ҳал шуда истодааст” ё “Баста шуд”.
Дархостҳо аз рӯйи мавзӯъҳои “Интернет”, “Интернети хонагӣ”, “Алоқаи мобилӣ”, “Нархгузорӣ”, “Хизматрасонӣ ба мизоҷон”, “Фаъолияти хизматрасониҳо” ва “Замимаи Life” гурӯҳбандӣ карда шудаанд. Агар муштарӣ якчанд дархостро аз рӯйи як мавзӯъ ба қайд гирифта бошад, ҳамаи онҳо вобаста ба санаи воридшавӣ нишон дода мешаванд. Дархости аз ҳама нав дар сатри болоӣ ҷой мегирад. Бо гузашти 30 рӯз ҳолати дархост дигар дар феҳрист инъикос намеёбад.
Раванди кор бо дархостҳои худро пайгирӣ кардан мехоҳед? – чат-боти Доноро истифода намоед!