Чат-боти Доно дар “сохтани” тарофаи мобилӣ дар Telegram кӯмак мерасонад
Муштариёни ширкати “МегаФон Тоҷикистон” акнун имкон доранд, ки тарофаи худро дар телеграм-канали @megafon_dono_bot ташкил намоянд. Дар пайвасткунии хизматрасониҳои алоқа бо ҳаҷми зарурӣ чат-боти Доно кӯмак мерасонад.
Тарофаи “Биё! Бисоз Life” имкон медиҳад, ки миқдори зарурии дақиқаҳо, СМС ва мегабайтҳои интернет интихоб карда шавад. Дар натиҷа бастаи хизматрасониҳое ҳосил мешавад, ки ба нарх, таркиб ва талаботи муштарӣ ҷавобгӯ мебошад.
Қаблан сохтани тарофа танҳо бо ёрии ҳисобкунак дар замимаи мобилии “МегаФон Life”, муроҷиат ба идораҳои хизматрасонӣ ё ба воситаи Хадамоти мизоҷони оператор имконпазир буд. Акнун муштариён метавонанд тарофаро бевосита дар Telegram бе интизории пайвастшавӣ бо мушовир фаъол намоянд. Барои ин зарур меояд, ки вориди телеграм-канали @megafon_dono_bot шуда, роҳи “Меню” – “Хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ” – “Тарофаҳои дастрас” – “Сохтани тарофа”-ро тай кунед. Сипас муштарӣ худ таркиби бастаи телеком-хизматрасониҳои худро интихоб менамояд.
Чат-боти Доно имкон медиҳад, ки хизматрасонӣ ба муштариён зуд ва босифат анҷом дода шавад. Айни ҳол ба доираи вазифаҳои кории он ёрӣ бо тарофаи “Биё! Бисоз life” низ дохил мешавад. Муштариён имкон доранд, ки роҳи барояшон нисбатан қулайи пайвасткунии хизматрасониҳои алоқаро интихоб намоянд.