Боз ҳашт “Устоди алоқа” дар ширкати “МегаФон Тоҷикистон”
“Устоди алоқа” – унвони олии соҳаи телекоммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Барои онро соҳиб шудан доштани таҷрибаи калон кофӣ нест, гузоштани саҳми бориз дар рушди телеком ва иқтисоди кишвар дар ин ҷода шарти дигари ҳатмӣ мебошад. Алҳол дар ширкати “МегаФон Тоҷикистон” 22 “Устоди алоқа” фаъолият доранд. Ҳашт нафарашон мукофотро соли равон ба даст оварданд. Доир ба он, ки чӣ тавр метавон дар сатҳи давлатӣ сазовори эътироф шуд ва аз натиҷаҳои кори худ ифтихор намуд, каме нақл мекунем.
МегаФон Тоҷикистон дорои яке аз шабакаҳои бузургтарини технологӣ дар кишвар аст, бинобар ин байни устодон, бешубҳа, мутахассисони касбие ҳастанд, ки инфрасохтори алоқаро бунёд менамоянд. Собирҷон Ризоев, муҳандис оид ба корбурди системаҳои пойгоҳҳои базавии раёсати минтақавӣ дар ш.Душанбе ва НТМ барои саҳми сазовор дар рушди техникии шабака дар ҳудуди навоҳии калонтарин – Лахш ва Рашт қадрдонӣ карда шуд. Дар баробари ин, принсипи асосӣ барои Собирҷон ва ҳамкорони ӯ якдилию ҳамфикрист, натиҷаҳои бадастомадаро онҳо натиҷаи умумӣ меҳисобанд.
Насби ҳар як пойгоҳи базавӣ миқдори зиёди ҳуҷҷатҳо ва иҷозатномаҳоро тақозо менамояд. Ба ин кор Рустам Турсунов, роҳбари бахши захираҳои радиобасомадҳо ва таъминоти иҷозатномавӣ машғул мебошад. Номбурда ба соҳаи мазкур 49 соли умри худро бахшида, дар ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ҳамаи иншоотҳои навро мувофиқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ ва омодакунии ҳуҷҷатҳоро барои анҷоми сохтмон назорат мекунад.
МегаФон Тоҷикистон аз рӯи дарозии хатҳои алоқаи нахӣ-нурӣ яке аз ширкатҳои пешсафтарини кишвар ба ҳисоб меравад. Ширкат наздики 1 800 километр ХАНН-и худро доро мебошад. Барои саҳмгузорӣ дар банақшагирии онҳо ва корҳои бунёдӣ соли равон ду корманд – Давлатҷон Оймаҳмадов, муҳандиси калон оид ба корбурди шабакаи таҳвилӣ ва Анварҷон Ҳиматов, муҳандиси пешбар оид ба банақшагирии шабакаи таҳвилӣ бо унвони “Устоди алоқа” кадрдонӣ карда шуданд.
Самти аз ҳама ҷавони ширкат – таҳвили маълумоти собити баландсуръат (ТМСБ) ҳамагӣ каме зиёда аз ду сол дорад. Лекин тӯли ин муддат ба МегаФон Тоҷикистон муяссар шуд, ки “Интернет барои хона”-ро ба сокинони бисёри минтақаҳои шаҳри Душанбе пешниҳод намояд. Барои иштироки фаъол дар бунёди меъмории ТМСБ ва саҳми умумӣ дар бунёду роҳандозии шабакаи ширкат унвони “Устоди алоқа” ба Ҷовид Абдураҳмонов, роҳбари самти хизматрасонии хадамоти мизоҷони департаменти инкишоф ва корбурди ТМСБ дода шуд. Таҷрибаи умумии кории мавсуф дар ширкат 19 солро ташкил медиҳад.
Ҳисоботҳои молиявӣ ва андозҳо – самти дигарест, ки ҳамчунин аҳамияти ҷиддӣ дорад. Барои пурра ва саривақт иҷро намудани уҳдадориҳои андозӣ дар назди буҷа, роҳандозии тарзҳои нави рақамии амал дар кор, саҳмгузорӣ дар рушди иқтисод ва буҷаи ҷумҳурӣ Оксана Демидова, сармуҳосиби ширкати “МегаФон Тоҷикистон” бо унвони “Устоди алоқа” сарфароз гардонида шуд.
МегаФон Тоҷикистон дар ҳамаи лоиҳаҳои бомиқёси соҳаи алоқа иштирок намуда, вазифаҳои дорои аҳамияти давлатиро ба иҷро мерасонад, аз ҷумла азнавбақайдгирии SIM-кортҳоро ба амал мебарорад. Барои иштирок дар лоиҳаҳои бомиқёси соҳавӣ ва амалисозии даҳҳо иқдомҳои тиҷоратӣ унвони “Устоди алоқа” ба Зебунисо Эргашева, роҳбари хадамоти маркетинг дода шуд.
МегаФон Тоҷикистон оператори рақамист. Унвони олиро дар соҳаи телекоммуникатсия барои рушди хизматрасониҳои молиявӣ-техникӣ, аз ҷумла васеъкунии доираи вазифаҳои замимаи барои ҶТ беназири “МегаФон Life”, инчунин барои саҳми умумӣ дар рақамикунонии иқтисоди Тоҷикистон Юрий Глушенко, роҳбари самти хизматрасониҳои молиявии департаменти тиҷоратӣ соҳиб гардид.
Тарзи зиндагонию кори “Устодони алоқа” чунин аст, ки онҳо пештар аз дигарон инноватсияҳои рақамиро аз худ менамоянд ва ҳаррӯза дар роҳи такмилу инкишофанд. Дастовардҳои онҳо – барои ҳамаи кормандони соҳаи телекоммункикатсионии кишвар намунаи ибрат ҳастанд!