Бо мақсади табодули таҷриба барои рақамикунонии соҳаи маорифи Душанбе гурӯҳи корӣ ба Тошканд сафар намуд
Дар доираи шартномаи ҳамкорӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд ҷиҳати гузариш ба рақамикунонии пурраи соҳаи маорифи шаҳри Душанбе ҳайати 22-нафараи аҳли маорифи пойтахт ба шаҳри Тошканд сафар намуд. Дар ин хусус Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар додааст.
Ба ҳайати гурӯҳи корӣ, ки бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сафар намудааст, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт, директори Муассисаи давлатии «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» ва мутахассисону директорони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, ки дар татбиқи барномаи «eDonish» фаъолияти назаррас доранд, шомил мебошанд.
Сафари гурӯҳ аз 18 то 22 сентябр идома ёфта, зимни он ҳайати корӣ бо имконияту шароити муассисаҳои таълимӣ ва соҳаи маорифи Тошканд шинос мешаванд.