Бо мақсади гузариш ба таҳсили рақамӣ дар Душанбе китобхонаи электронӣ ташкил гардид
Китобхона фарогири беш аз 5000 номгӯй адабиёти таълимиву методӣ, илмиву оммавӣ, бадеиву маърифатӣ ва санадҳои меъёрҳои ҳуқуқӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ буда, ҳаҷми умумии он ба 10 гигабайт мерасад.
«Таъсиси китобхонаҳои электронӣ дар заминаи муассисаҳои таълимӣ аз ҷумлаи талаботи замони муосир ба шумор меравад. Зеро китобхонаи электронӣ шакли муосири дастёбӣ ба захираҳои маънавӣ буда, тавассути технологияҳои иттилоотӣ амалӣ мешавад. Корбарон ба воситаи манбаъҳои электронии иттилоотӣ, бахусус тавассути китобхонаи электронӣ имкон меёбанд, ки ба маълумоти мавриди назарашон осон ва зуд дастрасӣ пайдо намоянд. Зуҳури китобхонаҳои электронӣ ва сомонаҳои интернетии маърифатӣ аз ҷумлаи падидаҳои неки асри технология буда, ҳар кадом махсусияти худро дорад», -гуфт директори муассиса.
Китобхонаи электроние, ки аз ҷониби Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе таҳия гардид, аз хусусияти хоссаи китобхонаҳои электронии муосир бархӯрдор аст. Дар баробари ин, интерфейси китобхона дар тарҳи муосир таҳия шуда, мураттабии мантиқии бахшҳои он таъмин гардидааст.
Ба гуфтаи Зафар Муродзода, яке аз вижагиҳои муҳимми китобхона дар он зоҳир мешавад, ки корбарон аз имконоти он тавассути компютерҳои ин ё он муассиса истифода бурда метавонанд. Китобхона дар марҳилаи аввал ба сурати офлайн амал намуда, дар базаи маълумоти синфхонаҳои компютерии муассисаҳои таълимӣ насб мешавад. Корбарон ба воситаҳои ҳамаи компютерҳои синфхона имконияти истифода аз китобхонаро пайдо менамоянд.
Хусусияти дигари барнома иловаи бахши «Адабиёти тавсиявии озмунҳои ҷумҳуриявӣ» аст. Дар ин бахш адабиёти тавсиявие, ки дар низомномаи озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм — фурӯғи маърифат» дарҷ ёфтаанд, аз рӯи номинатсия ва зергурӯҳҳои он илова шуданд. Инчунин саҳифаи асосии барнома барои хонандагон ба таври худкор (автоматӣ) китобҳоеро барои мутолиа тавсия медиҳад.
Муҳити саҳифаи асосии китобхона бо шиору овезаҳои мухталиф оро дода шуда, барои хонандагон суханони ҳикматомӯзи Пешвои миллат ва мутафаккирону донишмандонро доир ба китобу китобхонӣ пешниҳод менамояд.
Дар китобхонаи электронӣ адабиёт вобаста ба мавзуъ бахшбандӣ гардидааст. Аз ин хотир дар саҳифаи асосии барнома бахши умда ҷой дода шуд, ки аз «Пешвои миллат», «Китобҳои дарсӣ», «Адабиёти бадеӣ», «Маводи таълимӣ», «Илмҳои табиӣ-риёзӣ», «Илмҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ», «Китобҳо бо забони хориҷӣ» ва «Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ» иборат мебошанд.
Ҳадаф аз амалӣ намудани барнома муҳайё сохтани шароити мусоид барои омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои дастрасӣ ба адабиёти гуногуни таълимиву бадеӣ ва илмӣ мебошад.
Китобхонаи электронӣ дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011 «Дар бораи Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2022 «Дар бораи Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ барои давраи то соли 2042» таҳия гардидааст.
Ин сомона дорои махзани бузурги китобҳои электронӣ буда, аз ҷониби мутахассисони Маркази таҳлилӣ-иттилоотӣ мунтазам ташаккул дода мешавад. Дар версияҳои такмилии китобхонаи электронӣ маҷаллаву рӯзномаҳои соҳавӣ ва маҷаллаҳои институту пажуҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотии мамлакат илова мешаванд. Инчунин кушодани сомонаи китобхонаи электронӣ ва ворид намудани китобҳои савтӣ ба назар гирифта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» вобаста ба рақамикунонии соҳаи маориф дастуру супориш дода шуда, таъкид шуд, ки хонандагону омӯзгорон ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ҷалб шаванд.
Бознашр аз АМИТ «Ховар»