Бе ҳуқуқи истироҳат. Фаъолияти шабакаи мобилиро дар рӯзҳои истироҳат кӣ назорат мекунад?
Дар рӯзҳои ид садҳо ҳазор муштариён якдигарро табрик менамоянд: занг мезананд, SMS, расмҳо ва видеороликҳо ирсол мекунанд. Ва танҳо баъзеи онҳо дар фикри он мешаванд, ки агар кормандони ширкатҳои телекоммуникатсионӣ фаъолияти шабакаро шабонарӯзи дароз назорат намекарданд, ҳамаи ин имконпазир намешуд. Пас ин муҳофизони нонамоёни шабакаҳои мобилӣ кӣ ҳастанд ва чаро онҳо ҳатто шаби соли нав барои худ навбатдориро ихтиёр мекунанд?
Шабака ба ид омода мешавад
23 Феврал, 8 Март, Наврӯз, Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон… Дар тақвим бисёр рӯзҳое ҳастанд, вақте трафики овозӣ ва интернет дар шабакаи мобилӣ аз нишондиҳандаҳои рӯзи муқаррарӣ зиёдтар мешавад. Мисоли намунавӣ – Соли нав. Давоми шаби 1 январи соли 2024 муштариёни ширкати “МегаФон Тоҷикистон” 33 миллион зангҳо анҷом дода, наздики 4,5 миллион SMS-паёмакҳо ирсол кардаанд ва 1 150 Тб интернетро истифода бурдаанд. Танҳо трафики интернет нисбат ба соли гузашта 25% афзоиш ёфтааст. Пас чӣ тавр таҷҳизоти алоқа ба сарбории “рекордӣ” тоб овард ва ба ҳар муштарӣ муяссар шуд, ки наздикону дӯстони худро табрик намояд?
Гап сари он аст, ки оператор омодагии худро ҳамеша пешакӣ – якчанд ҳафта ва ҳатто якчанд моҳ пеш аз фарорасии санаи сурх дар тақвим оғоз менамояд. Муҳандисони ширкати “МегаФон Тоҷикистон” тарзи фаъолияти шабакаро дар вақти идҳои гузашта таҳлил карда мебароянд. Нақшаи чорабиниҳоро бо назардошти ҷойҳое, ки дар онҳо муштариён бештар ҷамъ меоянд, масалан майдонҳое, ки дар онҳо консертҳо баргузор мешаванд, тартиб медиҳанд. Баҳри таъмини таҷҳизоти алоқа бо нерӯ тамоми чораҳоро меандешанд, ҳангоми зарурат ба пойгоҳҳои базавӣ генераторҳои иловагии дизелир бурда мерасонанд. Инро низ пешакӣ кардан лозим меояд, зеро дар рӯзи ид ҳаракати нақлиёт дар ин ё он макон метавонад қатъ карда шавад. Дар майдонҳои чорабиниҳои бузург баъзан якчанд пойгоҳҳои базавии сайёр ба кор бурда мешаванд. Дар маҷмӯъ, қобилияти гузариши шабака дар вақти ид то 30% васеъ мешавад. Лекин дилхоҳ корҳои техникӣ назорати одамро тақозо менамоянд. Бо ҳамин сабаб вақте тамоми кишвар истироҳат мекунад, мутахассисони алоқа ба навбатдорӣ мебароянд.
Навбатдориро дар ҳудуди кишвар кӣ ба зимма дорад?
Дар ширкатҳои телекоммуникатсионӣ хадамотҳое ҳастанд, ки агар бо образ гӯем, умуман ҳеҷ гоҳ хоб намераванд. Ҳамин тавр, 24 соати шабонарӯз ба муштариёни ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Хадамоти мизоҷон дастрас аст – саволро ба мушовирон дилхоҳ вақт додан мумкин аст. Сарфи назар аз рӯзҳои ид ва истироҳат аз болои фаъолияти шабака шуъбаи идоракунии техникӣ назорат мебарад. Бригадаҳои эътинои фаврӣ, ки дар ҳар минтақаи Тоҷикистон мавҷуд ҳастанд, энергетикон ва ронандагон низ навбатдор меистанд. Системаи иттилоотӣ-биллингӣ ҳам, ки барои нархгузории дурусти ҳамаи хизматрасониҳои алоқа ҷавобгар мебошад, таҳти назорати шабонарӯзӣ қарор дорад. Хуллас, ширкат дар саросари кишвар ҳамеша навбатдорони худро дорад. Лекин дар рӯзҳои ид миқдори онҳо, албатта, меафзояд. Масалан, дар департаменти хизматгузориҳои инноватсионӣ ва технологияҳои иттилоотӣ, ки он аз ҷумла барои биллинг ҷавобгар мебошад, санаи 31 декабри соли 2023 ҳашт мутахассис навбатдор истода буданд.
Дар рӯзҳои ид кӣ кор мекунад? Одатан кормандони нисбатан сертаҷрибае, ки ба мушкилиҳои мураккаб мустақилона расидагӣ карда метавонанд. Бисёриҳо ҳатто на ба тариқи навбат, балки ихтиёрӣ навбатдор меистанд.
“Коркунӣ дар рӯзҳои идона хеле ҷолиб аст, ин масъулияти баланд буда, барои санҷидани донишу қобилиятҳои худ низ имконияти беҳтарин мебошад. Назораткунии тарзи фаъолияти система дар шаби соли нав, ҷараёни зиёду камшавии сарбории махзани маълумот, пешбинӣ кардани роҳҳои бетаъхир ҳал кардани мушкилиҳо ҳангоми ба миён омадани онҳо – имконияти олӣ барои такмили донишу малакаҳои худ ба ҳисоб меравад”, – мегӯяд роҳбари шуъба оид ба корбурди системаҳои тиҷоратии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Азизҷон РАҶАБОВ.
Лекин гап на танҳо сари мароқи касбӣ ва кӯшиши такмилёбии ҳаррӯза аст. Маҳз дар рӯзҳои идона навбатдорон дар саросари кишвар махсусан дақиқ дарк мекунанд, ки барои чӣ ва баҳри кӣ онҳо кор мекунанд. Зеро фаъолияти устувори шабака боиси гуфта шудани миллионҳо сухани гарму самимие мешавад, ки муштариёни ширкат онҳоро мешунаванд ва мехонанд.
“Соли ҷорӣ ман дар Соли нав навбатдор будам. Хеле шод аз онам, ки ҳамааш хуб гузашт. Лекин як қисми ширкати бузурги рақамӣ будан маънои онро дорад, ки ҳам дар рӯзи корӣ ва ҳам дар рӯзи истироҳат бояд кор карда тавонӣ. Ҳар боре, ки ман навбатдориро ба зимма дорам, ман дарк мекунам, ки алҳол сифати алоқа аз ман вобаста аст”, – мегӯяд муҳандиси калони шуъбаи корбурди системаҳои энергетикии ҶБШ ва ПБ ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Игор ШИРШОВ.
Мехоҳед дар қатори онҳое бошед, ки сокинони Тоҷикистонро бо алоқаи устувор таъмин карда, ҷиҳати ба ҳар муштарӣ фароҳам овардани имкони шунидани овози наздикон ва истифодаи интернет ҳатто дар рӯзҳои ид ва ҳангоми сарбории зиёди шабака тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳанд? Пас анкетаро дар сомонаи … пур карда, вориди тими “МегаФон Тоҷикистон” шавед! Шумо, бешубҳа, аз самараи фаъолияти худ ифтихор хоҳед кард.